26.9 C
Dushanbe

Ҷосуси Русия бо шиносномаи тоҷикӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад

Қисми ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Чехия ду нафарро бо гумони ҷосусӣ ба манфиати Русия дар ҷустуҷӯ қарор додааст, ки яке аз онҳо соли 2014 бо шиносномаи тоҷикӣ вориди ин кишвар гаштааст.

Гуфта мешавад, ин ду нафар дар асл шаҳрвандони Русия буда, барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Чехия яке бо номи Руслан Табаров бо шиносномаи тоҷикӣ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва диарӣ Никол Попа ҳамчун шаҳрвандии Молдов истифода карданд.

Мақомоти Ҷумҳурии Чехия ин ду нафарро дар таркиши анбори аслиҳае, ки соли 2014 ба амал омада буд, гунаҳкор меҳисобанд. Номи аслии онҳоро мақомти Чехия фош намуда, аз онҳо Александр Мишкин ва Анатолий Чепига ёд мекунанд.

Аммо то ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи воқеӣ ва ё қалбакӣ будани шиносномаи Руслан Табаров расман чизе нагуфтаанд.

Ҳамзамон бино ба маълумоти расонаҳои Чехӣ айни ҳол мақомоти ин кишвар 18 корманди сафорати Русияро аз ин кишвар ихроҷ мекунад. Мақомоти Чехия гуфтаанд, ки ин 18 нафар низ кормандони Хадамоти вижаи ГРУ- Сарраёсати ҷосусии Вазорати дифои Русия будаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.