Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.

Имрӯз, 19-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Вилнюси Литва интихоботи раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) баргузор гардид.

Дар ин интихобот се нафар номзадии худро пешниҳод карданд: Абубакри Нурӣ, Абдуқодир Шехов ва Исломиддин Саидов. Раиси феълии ин ҳаракат Муҳиддин Кабирӣ номзадии худро пешниҳод накард.

Ба иттилои манбаъ, дар интихобот беш аз 25 нафар аз аъзои Раёсати олии НИТ (20 ҳузурӣ ва 1 нафар бо мактуб ва 4 нафар онлайнӣ) ширкат ва овоз доданд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ аз миёни се номзад раиси нави ҳизб интихоб гардид.

Пас аз ҷаласа ҳамоиши махсусе доир гардид. Тибқи эълони расмии натиҷаи интихобот Исломиддин Саидов бо касби 64% овозҳо ҳамчун раиси нави НИТ эълон шуд.

Ҳамин тавр, пас аз тақрибан 20 соли раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, Наҳзати исломии Тоҷикистон раҳбари нави худро интихоб кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.