Камбуди сӯзишворӣ дар Русия ва сафҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои фурӯши бензин

Дар чанд рӯзи охир дар бисёре аз минтақаҳои Русия камбуди бензин ва дигар навъҳои сӯзишворӣ мушоҳида шуда, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сафҳои тӯлонии мошинҳо ба вуҷуд омадааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин вазъ пас аз ҳамлаҳои густурдаи паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия шиддат гирифтааст.

Тибқи гузоришҳо, дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия маҳдудиятҳои фурӯши бензин ҷорӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо ронандагон соатҳо мунтазири навбати худ мемонанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ наворҳое нашр шудаанд, ки сафҳои тӯлонии мошинҳо ва баста будани бархе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро нишон медиҳанд.

Владимир Путин, президенти Русия, барои аввалин бор эътироф кард, ки ҳамлаҳои Украина ба зерсохтори энержии кишвар дар таъмини бозори дохилӣ мушкилот эҷод кардааст. Бо вуҷуди ин, ӯ гуфт, ки мақомот вазъро зери назорат доранд ва норасоии сӯзишвориро “ҷиддӣ” намешуморанд.

Ба гуфтаи мақомоти рус, боло рафтани талабот дар мавсими тобистон, осеб дидани чандин корхонаи бузурги коркарди нафт ва мушкилоти интиқоли сӯзишворӣ аз сабабҳои асосии вазъи кунунӣ мебошанд. Дар ҳамин ҳол, Украина мегӯяд, ҳадафи ҳамлаҳои он корхонаҳое мебошанд, ки аз маҳсулоти онҳо барои таъмини амалиёти низомии Русия истифода мешавад.

Дар пайи ин вазъ, ҳукумати Русия содироти бензинро маҳдуд карда, барои ҷуброни камбуди бозори дохилӣ имкони воридоти сӯзишвориро аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҳиндустон, баррасӣ мекунад. Ба иттилои Reuters, интиқоли аввалин маҳмулаҳои бензин аз Ҳиндустон аллакай оғоз шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд Русия яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони нафт дар ҷаҳон аст, осеб дидани корхонаҳои коркарди нафт ва халалдор шудани занҷираи таъминот боис шудааст, ки дар баъзе минтақаҳо норасоии сӯзишворӣ ва афзоиши нархҳо ба миён ояд. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати идома ёфтани ҳамлаҳо, эҳтимол дорад ин мушкил то чанд ҳафтаи дигар ҳам бартараф нашавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.