13.9 C
Dushanbe

Қамчибек Тошиев, Саймумин Ятимов, Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва музокироти марзӣ

Музокироти миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз 15 то 18 март дар ш.Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид, ба фарқ аз музокироти қаблӣ зери раҳбарии масъулони КДАМ-и ин ду кишвар доир шуд.

Аммо он чи натиҷа бор овард ва ҷониби Тоҷикистон то куҷо муваффақ барои иҷрои рисолаташ шуд,номаълум аст. Вале аз он ҷиҳат ки сокинони Қирғизистон дар заминҳои деҳоти наздимарзии Тоҷикистон аз ҷумла Ворух ба шинонидани ниҳол шурӯъ кардаанд, бармеояд, ки қирғизҳо бартарии худро пинҳон намекунанд, гап дар сари он меравад, ки Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва раҳбари ҳайати гуфтушуниди ин кишвар қаблан бо нақзи тамоми муқаррароти байналмилалӣ ва урфи мулкдориву ҳусни ҳамҷиворӣ дар як сӯҳбати матбуотиаш вуҷуди Тоҷикистонро ба ҳайси як давлат ва мамлакат таҳти суол гузошта ва гуфта буд, ки кишвари Тоҷикистон дар хоки ду кишвари Узбакистон ва Қирғизистон ташкил шудааст.

Вай афзуда буд, ки навоҳии Лахш, Мурғоб, Ҷиргатол ҳамагӣ қаламрави Қирғизистон ҳастанд, ки дар даврони шӯравӣ ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

Роҳбарии ҳайати музокиротии Қирғизистонро бар ӯҳдаи чунин шахсе, ки ҳатто вуҷуди Тоҷикистонро ба ҳайси як давлат таҳти савол қарор додааст, нишонаи он аст ки кишвари ҳамсоя ба ҳеҷ ваҷҳ мусолаҳа ва мудоро ва гузашт карданӣ нест.

Тӯли тамоми мавҷудияти Тоҷикистони шӯравӣ ва даврони соҳибиистиқлолии он касе ба мардум ва давлати тоҷик чунин иҳонат ва тавҳин накарда буд. Ҳатто Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Узбакистон, ки сарҳанги ёғӣ Маҳмуд Худойбердиевро мусаллаҳ ва дар ноябри соли 1998 юриши ӯ ба қисмати шимоли Тоҷикистонро сарпарастӣ кард, ҳеҷ гоҳ чунин баёнияҳои хушунатангезе содир накарда буд.

Аммо сӯҳбатҳои саропо таҳқири раиси КДАМ-и Қирғизистон,ки феълан раҳбарии ҳайати музокиротии давлати Қирғизистонро бар дӯш дорад, бидуни онки пас гирифта шавад, ҳамоно ҳамчун мавзеъгирии давлати ҳамсоя метавонад талаққӣ бишавад.

Аммо чаро мақомоти тоҷик ва аз ҷумла роҳбари ҳайати музокиротии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар даҳон об гирифтаву чизе посух надоданду намедиҳанд?

Саймумин Ятимов, ки даст бар сина зада худро масъули амнияти 9-ним миллион тоҷикистонӣ мешуморад ва дар баробари нафаре нишасту  бо ӯ вориди музокира шуд, ки давлат ва кишвари ӯро таҳқир кардааст. Аммо Ятимов чизе ба забон наёвард, сукут кард ва тавре вонамуд кард,ки ингор нашунидааст. Ва, ё инки сукут аломати ризо аст?

Ба ҳар ҳол бо гузашти чанд рӯз аз ин музокирот роҳбари ҳайати давлати Тоҷикистон чизе нагуфтааст, ки умедворкунанда барои мардумаш бошад.Аммо чуноне гуфтем, қирғизҳо аз роҳбари гурӯҳи музокиротии худ қонеъ ба назар мерасанд ва аз инҷост ки дилпурона дар даруни хоки Тоҷикистон ба бунёди боғ шурӯъ кардаанд.

Қамчибек Тошиев дар як сӯҳбати дигараш бо сокинони деҳаи Самарқандаки ноҳияи Лайлак қабл аз шурӯи музокирот бо қотеият баён дошт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ омода нестанд, ки барои убур ба Ворух долонеро таҳти назорати мустақими Тоҷикистон иҷозат бидиҳанд. Набуди ин долон, ки мушкилоти асосии Исфара аст ва Ворухро дар воқеъ табдил ба анклав кардааст. Аммо Саймумин Ятимов на танҳо ба иддаоҳои пешини Қамчибек Тошиев посух дод ва на дар баробари мавзеъгириҳои ӯ дар қиболи мушкилоти Ворух. Аммо, мардуми Исфара ва бахусус ворухиҳои он аз Ятимов шинохти возеҳу рӯшан доранд, чун ҳамин ҳоло садҳо нафари онҳо бо иттиҳомоти бофтаву сохтаи кормандони амнияти азоби зиндон мекашанд.

Ба назар мерасад, ки кору рафтори раҳбари ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон ҳамон кори ҳамватанони шӯрапушту дуздаконеамонро мемонад,ки дар дохили поездҳо ва ё маҳалли сохтмону кор танҳо болои ҳаммиллатони худ зӯргӯӣ ва муштамзӯрӣ мекунанду пулу молашонро кашида мегиранд вале дар баробари бегонаҳо зуд сустии камари худро нишон медиҳанду даст боло мекунанд.

Манзури мо ин аст ки Ятимов  тайи чанд сол аст ки бо баҳонаҳои салафиву наҳзативу гурӯҳи 24-у  дар Эрон хондагиву … аз ин даст иттиҳому айбҳои бофтаву сохта зӯраш фақат ба тоҷикони худаш мерасад. Онҳоро зиндонӣ мекунаду фирорӣ медиҳаду ҳатто нобуд месозад. Ҳатто то ба хориҷ аз кишвар онҳоро таъқиб мекунаду фишор меоварад. То онҳо аслан дар бораи сиёсати нодуруст ва зиддихалқии режими як диктотур чизе нагӯянд. Фарз кардем агар касе воқеияти кишварро гуфт, масалан мисли Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ, ки гуфт бояд ба хидмати аскарӣ писари ҳама равад, аз ҷумла писари Эмомалӣ Раҳмон, ӯро бурданду 14 сол зиндонаш карданд ва ду писарашро ҳам  аз озодӣ  маҳрум ва як писари дигарашро 58.000 сомонӣ ҷарима бастанд. Инҷо Ятимов ва дору дастааш бо тамоми зарфият болои як ҳамватану ҳаммиллати худ иқтидори давлатро истифода мекунад.

Аммо ҳоло бо нафаре, ки Тоҷикистонро давлат наҳисобиду тоҷикро халқ нашуморид гуфтушунид доир карданд. Инҷо мебоист, ки мақомоти Тоҷикистон тақозо мекард, ки давлати ҳамсоя нафари дигареро маъмури музокирот таъйин кунад на Қамчибек Тошиевро, ки пешопеш мавзеъгирии ӯ маълум аст ки мусолиҳа ва тафохумро намехоҳад.

Соли гузашта дар моҳи май,вақте вазири хориҷии Русия дар иртибот ба моҷарои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон изҳори назар ва омодагии миёнаравиро кард,доду войи ҳукумати Тоҷикистон баланд шуд ва бо ирсоли як нота-номаи эътирозӣ мушкилоти марзиро “кори дохилии ду давлат” хонд ва дахолати “кишвари сеюм”-ро ғайриқобили қабул донист.

Вале ҳоло сукут ихтиёр кардааст. Ин сукут ва ин гӯш ба карӣ андохтанҳо шубҳаовар нест?

Барои ҳар нафаре ҳам ки ин моҷароро пайгирӣ кардааст, моҷарои баҳсҳои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистонро ин саволу андешаҳо пеш меояд,ки магар Тоҷикистон чи муттаҳамие, чи кутаҳие, чи вобастагие аз Қирғизистон дорад, ки мегузорад дар ҳақаш ин ҳама таҳоҷум ва ҳамалоти лафзӣ анҷом дода мешавад? Ва, ё инки Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон нотавон аст ва наметавонад ва дар он ҳадду мавзее қарор надорад,ки посухи сазовор бидиҳад ва аз худ дифоъ кунад?

Бастани марзҳои Қирғизистон  ба рӯи Тоҷикистон тайи ду се ҳафтаи ахир қимати колоҳо дар Тоҷикистонро ба ҳадди ташвишовар боло бурд. Худи ҳамин ҳолат нишон дод,ки Тоҷикистон то чӣ ҳад аз Қирғизистон вобаста аст. Ва, нуктаи дигар ин аст ки ҳамин чанд ҳафта баста шудани марзи Қирғизистон ба рӯи Тоҷикистон маълум кард, ки омору арқоми Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар робита ба воридоти молу маҳсулот аз Қирғизистон ба Тоҷикистон аз воқеият ба фарсахҳо дур аст.

Гузашта аз ин ҳаҷми воридоти молҳои қочоқӣ -контрабанда тавассути марзи ин кишвари ҳамсоя ба ҳадди боварнакарданӣ бузург аст ва нафарони асосии манфиатбар аз ин марз. Яъне контрабандистони асосӣ  домодҳои Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва сабаби асосии муттаҳамӣ ва забонкутаҳии ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон ҳамин аст.

Аз ин рӯст, ки мақомоти Қирғизистон,баъди сари қудрат омадани президенти нав, ин бор аз ҳамин вобастагӣ  барои ҳалли масоили марзӣ сахт истифода карда истодаанд. Бар замми ин Русия ҳам Қирғизистонро ночор кард,ки дигар экспорти маводди сӯхтро барои кишварҳои хориҷ аз ин Иттиҳод қатъ кунад. Чун қирғизҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз Русия бо нархи ду баробар арзон аз Тоҷикистон онро дастрас мекунанд. Инки дар паси чунин мавзеъгириҳои Қирғизистон Русия истодааст ва ё хайр, баҳси дигаре аст.

Вале мавзӯи баҳси мо ин аст ки бо нафаре, ки аз қабл фикри  андешаи ӯ, мавзеъгириҳои ӯ рӯшан аст нишастан дар сари мизи музокирот чи чизеро ҳал хоҳад кард? Чизи дигар ин аст ки вақте раиси КДАМ-и Қирғизистон дар мавриди Тоҷикистону давлати он ва қаламрави он чунин мавзеъгирии возеҳу рӯшан дорад, чаро масъулони давлати  Тоҷикистон дар даҳан об гирифтаанд. Ба масал қирғизҳо мисли шери нар наъра кашида майдонро тасоҳуб кардаанд аммо масъули амнияти 9-ним миллион тоҷик ва Пешвои муаззами миллат, ки ба гуфтаи Ятимов “баъди 1000 сол мисли Исмоили Сомонӣ давлатдории тоҷиконро поягузорӣ кард”, ба лаб муҳри хамушӣ задаанд? Ва, афроде назири Абдуқодири Абдуқаҳҳорро “пур” карда ба фейсбук баровардаанд, ки дар масъалаи баҳси марзӣ ҳам айбро болои наҳзатиҳо бигзорад. Ҳатто ҳамин Абдуқодири Абдуқаҳҳорро чунон “пур” кардаанд, ки талош мекунад таҳқиру дашноми ба давлат,миллат ва мардуми тоҷик раводидаи ӯ Қамчибек Тошиевро нодида бигирад, балки ӯро дуруст бароварад. Бадтар аз ин дар ин ҷо ҳам наҳзатиҳоро гунаҳкор карда истодааст, ки гапҳои чанд моҳ (???) пешгуфтаи Тошиевро оварда мехоҳанд, ки моро бо қирғизҳо ҷанг андозанд. ”Мову қирғизҳо садсолаҳо ҳазорсолаҳо бо ҳам ҳамсояем”.

“Адвокатӣ”-и Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз як нафаре, ки ошкоро ва публично миллат ва давлати Тоҷикистонро ҳақорат кардааст, аз ҳамин ҳоло мавзеъи давлати Тоҷикистонро дар ҳалли баҳси марзи ва ҳифзи манофеи миллати тоҷик маълум кардааст. Дар воқеъ ин тоифа ҳамон дуздакони даруни поезданд, ки танҳо ҳаммилатони худро ғорат мекунанд.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ва раҳбари ҳайати музокиротии Қирғизистон, ки навори  мусоҳибаи ӯ дар арафаи баргузории ин музокирот дигарбора дар интернет давр мезанад айнан чуунин гуфтааст: “Ҳангоми таъсиси Иттиҳоди шӯравӣ, дар вақти тақсимот, намояндагони аз Маскав омада, Ҷиргатолу Мурғоби Қирғизистонро ба Тоҷикистон ҷудо карда доданд, то ки Тоҷикистон ҳам ташкил ёбад. Дар асл Тоҷикистон як вилояти тобеъи Ӯзбекистон буду халос. Аз замини Ӯзбекистону Қирғизистон ҷудо карда, Тоҷикистон сохтанд. Акнун имрӯз, ҳамин кишвари сохтаамон заминҳои моро талош дораду чаро бояд хомӯш бошем?”

Воқиан ҳам чаро қирғизҳо, аз ҷумла ҳамин Тошиев ошкоро ва бидуни кадом бозие бо шаҳрвандони худ аз ҷараёни музокирот сӯҳбат мекунанд, мавқеашонро изҳор менамоянду аммо аз мо не?

Ба назари мо сабаби асосӣ он аст ки дар Қирғизистон ҳокимият аз мардум вобаста аст,дар мо баракс. Дар Қирғизистон ҳукумат ва ҳокимият бо мардумаш ҳисоб мекунад, чун агар ҳисоб накунад,наметавонад давом биёварад, дар мо ҳокимият мардумро ба эътибор намегирад, “западло” медонад, ки ба мардумаш гузориш бидиҳад. Тафовути асосӣ ва аслӣ ҳамин аст ки давлат ва роҳбарияти Қирғизистон демократӣ аст, дар натиҷаи интихоботи халқӣ раиси ҷумҳурии он баргузида мешавад. Барои як қирғизе, ки курсии роҳбариятро мегирад, рафтан аз ҳокимият проблема нест.

Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев, Роза Отунбоева. Алмосбек Отамбоев, Сооронбей Жеенбеков ва ҳоло Садир Жаппаров. Аммо дар мо мисли гӯшти гандида ва оби бӯгирифта ҳамоно ҳамон як нафар аст: Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳоле ки руасои ҷумҳурии Қирғизистон ончиро ки халқаш тақозо мекунад, дар асноди мизи музокирот мегузоранд ва ошкору шаффоф аст дар мо ҳама чизҳо пинҳониву дуздӣ-дуздӣ.

Ба фарқ аз Қирғизистон дар кишвари мо тамоми масоили сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ дар доираи манофеи хонаводаи Раҳмон баркашида мешавад. Манфиати миллат, мардум ва Ватан баъд,дар ҷойи сонӣ аст. Аввал манфиати хонавода ва бақои вай дар қудрат. Чунки солҳои тӯлонист, ки мудирияти кишварро дар даст гирифта ва давлатро “моликияти хусусӣ” меҳисобад.

Дар мағзу шуури Ятимов ҳифзи манфиати Раҳмон ва оилаи вай асосӣ ва усулӣ аст. Чунки вай як ҳеҷбудае аст, ки туфайли Раҳмон ба ин мақому ба ин ҷоҳу пулу ҷойгоҳи иҷтимоӣ даст ёфтааст. Ва, Раҳмон инро мукаррар эълон кардааст.

Вале, чуноне гуфтем, барои ҳамин Камчибек Тошиев ва ё Садир Жаппаров курсиву қудрат онгуна ки барои Ятимов ва Раҳмон ҳаётӣ ва усулӣ аст, нест. Вагарна дар баробари як Раҳмон 6 нафар дар Қирғизистон иваз намешуд.

Ҳамбастагиву алоқаи мардум бо ҳукуматҳои қирғиз ва баракс аз ҳам дуру тамоман ноошнову балки бегона будани мардум бо ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамин  иттифоқоти ду соли ахир дар марз боз ҳам рӯшантар шуд. Давлати Қирғизистон ба атбои худ ҷиҳати дифоъ аз марзу бумашон аз душман (тоҷикҳо) ордену медалу пул дод, аммо аз мо бурданду истинтоқ карданду ҳатто зиндонӣ намуданд.

Дар ҳар сурат мавзеи тарафи қирғиз мушаххас ва мафҳум аст. Вале ин ҷониби мо аст ки махфикорӣ карда истодааст. Махфикорие, ки бисёр ҳам машкук ва ҳавлангез аст.

Солҳо пеш Иззатулло Ҳаёев, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон,ки Раҳмон ӯро “пири давлат”-и худ мешуморад дар як баҳси марзӣ бо ширкати намояндаи Маскав гуфтааст, ки ман хоки ватанамро намефурӯшам,”гирӣ ҳамин вазифаатро мегирӣ вале ман заминамро намефурӯшам”, гуфта ба даҳони Маскав мушт фаровард.

Аммо ҳоло ба назар мерасад,ки дар ҳайати музокиротии Тоҷикистони мустақил чунин шермардеро ёфтан душвор аст. Агар чунинро медоштем, ҳарф дар даҳони Камчибек Тошиев хушк нашуда ҷавоби муносиб мегардонд.

Ва, дар пушти нафаре чун Абдуқодири Абдуқаҳҳор пинҳон шудану ӯро “пур” карда ба майдон баровардан, ва бадтар аз ин, тавассути вай як кегебешники қирғизро, ки тоҷик ва Тоҷикистонро ҳеҷ ҳисобидааст, табраа кардан ба ин маъност, ки худамон ҷуръат ва ҷасораташро надорем.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.