23.9 C
Dushanbe

Қарз болои қарз. “Барқи тоҷик” аз Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” қарздор аст

Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, ки ҳамагӣ чанд соли пеш ба истифода дода шуда буд, аллакай беш аз 120 млн сомонӣ қарздор шуда аст.

Маркази гармидиҳии Душанбе, ки ба ширкати “Барқи тоҷик” тааллуқ дорад, ин миқдор қарзаш барои ангишти истифода кардааш дар соли 2019 ва ба ин сӯ будааст. Қарзи “Душанбе 2” дар назди кони ангишти “Фон-Яғноб” гуфта мешавад.

Ба навиштаи “Радиои Озодӣ” Фирӯзбек Сайфуллоев, мудири кони ангишти “Фон-Яғноб” гуфта, ки аз чанд сол ба ин сӯ наметавонад пули ангишти истихроҷшуда барои Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро дарёфт кунад.

Дар ҳоли ҳозир қарзи ширкати “Барқи тоҷик” барои ангишти истифодашуда дар  маркази гармидиҳӣ 126 миллион сомонӣ мебошад, ки “аз ин маблағ 71 миллион сомонӣ ба соли 2019 рост меояд.

Ширкати “Барқи тоҷик” ваъда медиҳад, вале маблағи пурраро барнамегардонад. Фирӯзбек Сайфуллоев ба Радиои Озодӣ гуфтааст, маоши кормандонро аз ҳисоби даромадҳои дигар пардохт мекунем. Вале дар соли ҷорӣ мо бояд ба усули истихроҷи зеризаминии ангишт гузарем, аммо пулҳоямонро аз “Барқи тоҷик” гирифта наметавонем”.

Умаралӣ Ниёзов, раиси Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” дар посух ба ин иддао гуфта, ки соли гузашта ба хотири таъмини ин марказ бо ангишт аз кони “Фон-Яғноб” ба маблағи 331 миллион сомонӣ сӯзишворӣ гирифтаанд ва ширкати “Барқи тоҷик” ба тадриҷ пули онро пардохт мекунад.

Сайфиддин Қараев, шореҳи иқтисодии ҳафтаномаи “Азия-Плюс” мегӯяд,: “конҳои ангишт бояд дар мавриди фурӯши маҳсулоташон таҷдиди назар кунанд. Зеро, “Барқи тоҷик” аз ҳама қарздор аст. Конҳои ангишт бояд маҳсулоти худро танҳо бо пули нақд фурӯшанд”.

Ба гӯфтаи ин коршинос ширкат бо чунин камбудиҳо дар фаъолияташ эътимодм мардумро аз даст додааст.

Ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро ба анҷом расонид. Аз ин ҳисоб танҳо 17 миллион доллараш саҳми Тоҷикистон аст. Маблағи боқимонда қарзи “Эксимбонк”-и Чин буда ширкати ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” гирифтааст.

Дар иваз Конҳои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло” моҳи августи соли 2012 тибқи як созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Чин тибқи шартномаҳои махфӣ ба ихтиёри ин ширкати чинӣ гузошта шуда аст.

Бояд гуфт, “Барқи тоҷик” аз қарздортарин ширкатҳои Тоҷикистон аст, ки қарзи он ба беш аз 2,5 миллиард доллар мерасад ва он солҳост, наметавонад худкифо шавад. Амонуллои Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон арсаи фурӯшу таъминоти ин ширкатро бар ӯҳда дорад ва ба гӯфтаи огаҳони умур солҳост, ки дар ин ширкат ҳарфи аввалу охирро мезанад.

Дар ҳамин ҳол Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарзи истифодабарандагони нерӯи барқ ва гармӣ дар назди ширкати “Барқи тоҷик” ба се миллиарду 52 миллион сомонӣ расида аст. Ва дар сурати ҷамъоварии ҳамаи ин балағ аз сокинон қарзи ширкат боз ҳам, ҳангуфт боқӣ мемонад.

Ширкати “Барқи тоҷик” солҳост, ки дар буҳрони қарзӣ гирифтор шудааст. Масъулони ширкат ин гирифториҳои молии худро ба пардохт нашудани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби сокинон медонанд. Аммо аҳолии кишвар ҳамеша маблағи барқро сари вақт пардохт мекунанд ва бо вуҷуди он солҳост аз норасои нерӯи барқ ранҷ мебаранд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон расиҷумуҳури кишвар дар паёми солонааш дар мавриди ин мушкилиҳо чизе нагуфт ва ҷои он барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” батафсил сӯҳбат ва онро ҷузъ, ҷузъ баррасӣ кард. Фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мегӯянд, гӯё мушкил ва кори асосии раиси давлат ҳамон буда бошад.

Бузургтарин қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз Вазорати молия аст, ки 18.5 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Аз ду нерӯгоҳи Сангтӯда ширкат беш аз 1 млрд ва аз андоз 66 млн сомонӣ қарздор аст. Аммо бо сабабҳои номаълум қарзи “Барқи тоҷик” аз Ориёнбонк, ки гуфта мешавад бонки додараруси дигари раисҷумҳур, Ҳасан Асадуллозода аст, ифшо намешавад.

Ахиран Бонки осиёии рушд барои кӯмаки арсаи энержии Тоҷикистон 150 миллион доллар грант тахсис дод ва ин маблағ қарор аст барои насби ҳисобкунакҳо ва навсозии бархе аз таҷҳизоти ин ширкат масраф бишавад. Аммо шарики кории Бонки осиёии рушд барои масрафи 150 миллион доллар гранти ҷудошуда, ҳатто на худи ширкати “Барқи тоҷик”, балки фирмаи “Авестогрупп” мебошад, ки молики асосии он ба гуфтаи огаҳони умур Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.