29.9 C
Dushanbe

Қарзи $750 ҳазори БАТР ба боғпарварони Тоҷикистон

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои пешгирӣ аз хавфҳо ва рушди соҳаи боғдорӣ дар Тоҷикистон 750 ҳазор доллари амрикоӣ қарз ҷудо кардааст.

Антон Усов, сухангӯи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дар саҳфаи Твиттриаш хабар додааст, ки ин бонк барои ҳамоят аз нахустин пружаи боғдорӣ дар Тоҷикстон 750 ҳазор доллар қарз ҷудо кардааст.

Ба қавли манбаъ, ин маблағҳо барои пешгирӣ аз хатари хавфҳо (рискҳо) тавассути Бонки ЭСХАТА ба боғпарварони кишвар тақдим карда мешаванд.

Антон Усов гуфтааст, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар қадами аввал ба ширкатҳои “Зерновая компания” ва корхонаи “Меваҳои суғд”, ки ба боғпарварӣ ва содироти мева машғул ҳастанд, маблағ ҷудо кардааст.

Гуфта мешавад, ин ду ширкати боғдорӣ айни замон дар Тоҷикистон ба боғпарварӣ ва содироти меваҳои тару хушк ба хориҷи кишвар машғул мебошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.