29.9 C
Dushanbe

Қатли як рӯзноманигори покистонӣ дар Кения

Як рӯзноманигори мунтақиди артиши Покистон дар Кения бо зарби чанд тир кушта шуд ва журналистон таъкид мекунанд, ки бояд ин ҳодиса дуруст таҳқиқ карда шавад.

23-уми октябри соли 2022, Аршад Шариф, рӯзноманигори 49-солаи покистонӣ дар шаҳри Нейроби, пойтахти Кения бо зарби чанд тир кушта шуд.

Ориф Алавӣ, Президенти Покистон қатли Аршад Шарифро зоеъаи бузурге барои ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва Покистон эълон карда, ба хонавода ва пайвандони ӯ таъзият гуфт.

Аз сӯи дигар, Имрон Хон, собиқ нахуствазири Покистон, ки Аршад Шарифро яке аз мухолифони ҳукумати феълӣ ва ҳамовозони худ медонист, талаб кардааст, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса як гурӯҳи хос таъсис дода шавад.

Вазорати корҳои дохилии Покистон гуфтааст, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса бо ҳамтоёни худ дар Кения дар тамос ҳастанд ва сафорати Покистон ҳам муваззаф шудааст, ки барои интиқоли ҷасади ӯ ба кишвараш кумак кунад.

Гуфта мешавад, Аршад Шариф, яке аз рӯзноманигорони шинохта ва яке аз мунтақидони ҳамроҳ шудани артиши Покистон дар сиёсат ва дахолати он дар ҳукумат буд. Ба ин хотир, ишораи ангушти иттиҳоми ин қатл пеш аз ҳама ба сӯи артиши Покистон равона шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.