29.9 C
Dushanbe

Қазоқистон низ ваксина зидди вируси COVID-19 омода мекунад

Акс аз www.rfi.fr

Дар Қазоқистон ваксинаи зидди коронавирус мавриди озмоиш қарор гирифтааст. Маркази миллии ташхиси доруҳо ва маводи табобатии Қазоқистон эълом кардааст, ки “паӯҳиши озмоишгоҳии ваксинаи зидди коронавирусро ба поён расонидаанд”.

Радиои “Озодӣ” аз қавли ин маркази таҳқиотии Қазоқистон менависад, ваксина барои озмоиш дар ҷисми довталабон омода аст. Марҳилаи дувуми озмоиши ваксинаи қазоқистонӣ дар моҳи октябр шуруъ хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир дар саросари дунё бештар аз 100 навъи ваксинаҳо дар ҳоли озмоиш ва коркард қарор доранд.

Пештар аз ин Русия эълом кард, ки ваксинаи зидди коронавирусро сохтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вижа Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба коромадии ваксинаи Русия изҳори шубҳа кард. Созмон гуфт, ин ваксина ҳамаи марҳилаҳои озмоишро нагузаштааст. Русия инро рад мекунад. Дар ҳамин ҳол Чин низ изҳор доштааст, ки се навъи ваксинаи зидди COVID-19-ро аз озмоиш гузаронидааст ва дар назар дорад истеҳсол ва масрафи оммавии онро ба роҳ монад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.