КДАМ дастаи футболбозони “Равшан”-ро бозпурсӣ кард

Сурат: Фейсбук

Бино ба навиштаи сомонаи “Ахбор” кормандони шуъбаи КДАМ дар шаҳри Кӯлоб футболбозон ва мураббиёни дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлобро баъди намозхонии футболбозон дар варзишгоҳи Ҳисор бозпурсӣ карда, бозигарони ришдорро маҷбур кардаанд, ки ришашонро битарошанд.

Дар ин бора ба сомонаи “Ахбор” мухлисони дастаи “Равшан” хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, футболбозонро барои намоз хондан дар ҷои ҷамъиятӣ 4 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

“Ҳатто Фаридун Рустамовро, ки дар конференсияи АФК дар Ҳисор қарор дошт, талаб кардаанд, ки биояд ва ба саволҳои кормандони амният ҷавоб диҳад. Футболбозонро барои намоз хонданашон хеле гапҳои тунду тез задаанд ва маҷбур кардаанд, ки касе риш дорад, ришашро битарошад. Агар аҳамият диҳед, дар бозии охирин бо “Ҳулбук” ягон футболбози “Равшан” риш надошт”,хабар додан Манобеи “Ахбор”.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар фейсбук аксе нашр шуда буд, ки дида мешуд футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар утоқи либосивазкунии варзишгоҳ намози бо ҷамоат мехонанд. Корбарони фейсбук ҳама аз амали онҳо таҳсин мекард, вале баъдан акс аз саҳифаи фейсбукии ин дастаи футбол пок карда шуд.

Баъзе огоҳони умур сабаби пок намудани он акс ва бозпурсӣ шудани дастаи футбол аз ҷониби КДАМ-ро ба сиёсатҳои динситезонаи мақомот рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...