КДАМ дастаи футболбозони “Равшан”-ро бозпурсӣ кард

Сурат: Фейсбук

Бино ба навиштаи сомонаи “Ахбор” кормандони шуъбаи КДАМ дар шаҳри Кӯлоб футболбозон ва мураббиёни дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлобро баъди намозхонии футболбозон дар варзишгоҳи Ҳисор бозпурсӣ карда, бозигарони ришдорро маҷбур кардаанд, ки ришашонро битарошанд.

Дар ин бора ба сомонаи “Ахбор” мухлисони дастаи “Равшан” хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, футболбозонро барои намоз хондан дар ҷои ҷамъиятӣ 4 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

“Ҳатто Фаридун Рустамовро, ки дар конференсияи АФК дар Ҳисор қарор дошт, талаб кардаанд, ки биояд ва ба саволҳои кормандони амният ҷавоб диҳад. Футболбозонро барои намоз хонданашон хеле гапҳои тунду тез задаанд ва маҷбур кардаанд, ки касе риш дорад, ришашро битарошад. Агар аҳамият диҳед, дар бозии охирин бо “Ҳулбук” ягон футболбози “Равшан” риш надошт”, – хабар додан Манобеи “Ахбор”.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар фейсбук аксе нашр шуда буд, ки дида мешуд футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар утоқи либосивазкунии варзишгоҳ намози бо ҷамоат мехонанд. Корбарони фейсбук ҳама аз амали онҳо таҳсин мекард, вале баъдан акс аз саҳифаи фейсбукии ин дастаи футбол пок карда шуд.

Баъзе огоҳони умур сабаби пок намудани он акс ва бозпурсӣ шудани дастаи футбол аз ҷониби КДАМ-ро ба сиёсатҳои динситезонаи мақомот рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.