26.9 C
Dushanbe

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Президенти Тоҷикистон бо ирсоли барқияи таслият ба ҳамтои чиниаш дар бораи суқути ҳавопаймо ба вай изҳори ҳамдардӣ кард.

Имрӯз, 22-юми марти соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин, Президенти Чин номаи таслият фиристод, ки дар он омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Раис, хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар ҷануби Чин, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷеа ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор менамоям”.

Гуфта мешавад, дирӯз, 21-уми марти соли ҷорӣ дар ҷанбу Чин як ҳайпаймои Боинг 737-и марбути ширкати “China Eastern Airlines” суқут кард, ки дар дохили он 123 мусофир ва 9 нафар хадамаи парвоз ҳузур дошт, ки касе аз онҳо зинда намонд.

Ин ҳавопаймо аз фурӯдгоҳи Кунминг ба самти Гуангжоу ҳаракат мекард ва дар шаҳри Вучжоуи ҷануби Чин суқут кард.

Мақомоти Чин пас аз суқути ҳавопаймо ба ҷои ходиса гурухи кории Хадамоти шаҳрвандии ҳавонавардии фиристоданд ва нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз карда, сабабҳои суқути Боинги 737-ро таҳқиқ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.