Ҳамкории Толибон бо ДИИШ дар ҷанг алайҳи фармондеҳ Маҳдӣ Муҷоҳид

Толибон дар ҷанг алайҳи мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, фармондеҳи ҳазоратобри пешини Аморати исломӣ дар вилояти Сари Пули Афғонистон аз нирӯҳои ДИИШ кумак гирифтаанд.

вулусволии Балхоби вилояти Сари Пул. Акс аз 8 Субҳ

Имрӯз, 20-уми июни соли 2022 рӯзномаи 8 Субҳи Афғонистон хабар дод, ки вақте нирӯҳои ӯзбактабори Толибон аз ҷанг кардан бо малавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид дар вилояти Сари Пул худдорӣ карданд, Толибон аз нирӯҳои ДИИШ кумак хостааст.

Ба гуфта ин рӯзнома, Толибон вулусволии Балхоб, ҷое фармондеҳи ҳазоратабор мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид сангар гирифтааст, аз се тараф муҳосира кардаанд.

Манобеи маҳаллӣ дар суҳбат ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки шаби гузашта нирӯҳои ДИИШ дар ҳамоҳангӣ бо Толибон аз самти вилояти Ҷузиҷон ба Балхоб ҳамла карда, ҳудуди се соат ин ҷанг идома доштааст.

Нирӯҳои таҳти сайтараи фармондеҳ мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид дар атрофи вулусволии Балхоби камарбандӣ амниятӣ таъсис дода, ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаҳои навбатии Толибон дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Гуфта мешавад, мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид дар гузашта яке аз фармондеҳони содиқ ба Аморати исломӣ буд, вале ахиран вақте Толибон раҳбари ҳазоратабори зодгоҳашро барканор ва ба ҷои он як паштутаборро гумоштан хостанд, эътироз кард ва тайи беш аз як ҳафтаи ахир ин эътирози онҳо ба ҷанг ва сангаргирӣ табдил ёфтааст.  

Ин ҳам дар замоне, ки тамоми раҳбарони қавми ҳазора берун аз саҳнаи сиёсии Афғонистон қарор доранд, истодагарии мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид алайҳи Толибон то рафт ба яке аз намодҳои ҳақталабӣ барои ин қавм ва дар умум ба дигар қавмҳо табдил мешавад.

Толибон аз замони дубора сари қудрат омадани худ пайваста талошт доранд, ки тамоми курсиҳои раҳбарӣ ва асосиро дар шаҳру вилоятҳо ба паштуборон бидиҳанд ва ин сиёсати қавмгароии онҳо боис шудааст, ки норизоӣ дар сафҳои қавмҳои ғайри пашту, аз он ҷумла тоҷикҳо, ӯзбакҳо ва инак ҳазораҳо афзоиш ёбад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парадокс: бо вуҷуди баргашти бештари муҳоҷирон интиқоли пул дар ҳоли афзоиш аст

Дар ҳоле, ки солҳои охир бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик...

Виза, маҳдудиятҳои нав ва ихроҷи оилаҳои муҳоҷирон- чанд пешниҳоди нави Миронов

Роҳбари ҳизби "Справедливая Россия" ва вакили Думаи давлатӣ Сергей...

Путин бо имзои як қонун будубоши муҳоҷиронро мушкилтар кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо имзои қонуне будубоши муҳоҷирон...