13.9 C
Dushanbe

Ҳелсинки аз мақомоти тоҷик озодии Абдуллоҳро талаб карад

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки дар бораи макони будубоши Абдуллоҳи Шамсиддин маълумот диҳад.

Дар баёнияи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, ки имрӯз, 02-юми март нашр шудааст, Берит Линдеманн, дабири кулли ин кумита мегӯяд: “мақомоти Тоҷикистон бояд фавран макони будубоши Абдуллоҳи Шамсиддинро ошкор кунанд ва шарҳ диҳанд, ки чаро аз замони парвозаш ба Душанбе аз ӯ хабаре нест”.

Хонум Линдеманн таъкид мекунад, ки “агар ӯро дар ҳабс нигоҳ медоранд, Душанбе бояд ба ӯ айбҳои ҷиддие эълон кунад ё фавран озод кунад. Дар ҳар сурат, ӯ бояд ба вакили мудофеъ таъмин шавад”.

Дар баёнияи ин кумита омадааст, ки Абдуллоҳи Шамсиддин аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва писари Шамсиддини Саид узви аршади ин ҳизб мебошад ва ба ин хотир робитаи наздики ӯ бо Муҳиддин Кабирӣ Абдуллоҳро дар хатари бештари шиканҷа ва дигар бадрафторӣ қарор медиҳад.

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия мегӯяд, ки ҲНИТ соли 2015 дар пасманзари саркӯби бераҳмонаи озодандешон ва поймол шудани ҳуқуқи башар аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва ифротӣ эълон шуд ва аз он замон садҳо узви ин ҳизб бо иттиҳоми сохта зиндонӣ шуданд. Солҳои ахир вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон боз ҳам бадтар шуд ва мақомот пайваста пайвандон ва аъзои хонаводаи мухолифон, фаъолон ва ҳатто вакилони мудофеъро таъқиб мекунанд.

Дар баёния ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар солҳои ахир Тоҷикистонро буҳрони сартосарии ҳуқуқи башар фаро гирифта, мақомот садҳо мухолифон, фаъолон ва рӯшанфикрони осоишта, аз ҷумла ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва дигаронро бо иттиҳоми сохтаи дорои ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон андохтаанд. Мақомот бархеро рабуданд, қисме аз онҳо нопадид шуданду ва бархе аз мухолифони сиёсӣ ва дигарандешонро куштанд. Режим озодии баёнро амалан аз байн бурд, матбуотро бераҳмона саркӯб кард ва ҳамагуна фаъолияти сиёсиро ғайриқонунӣ эълон кард.

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия мегӯяд, ки “беҷазоӣ барои нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон як меъёр боқӣ мондааст ва шиканҷа як хусусияти маъмулии системаи иҷрои ҷазо мебошад”.

Дар ҳамин ҳол, Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинки Норвегия дар Осиёи Марказӣ дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки “Абдуллоҳи Шамсиддин қурбонии амали мақомоти тоҷик шудааст. Мақомот ба таври мунтазам аъзои хонавода ва наздикони рақибони сиёсии худро мавриди ҳадаф қарор медиҳад. Солҳост мақомоти Тоҷикистон барои қасос гирифтан аз дигарандешон, хешовандони онҳоро мавриди ҳамла қарор дода, онҳоро озор медиҳанд ва зиндонӣ мекунанд.”

Мариус Фоссум дар идома мегӯяд: “Ба мо гуфтанд, ки қабл аз ихроҷи Абдуллоҳ мақомоти тоҷик олмониҳоро итминон дода буданд, ки алайҳи Абдуллоҳи Шамсиддин парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, аммо худи ҳамон далел, ки баъди бозгашташ ба Тоҷикистон аз ӯ чизе нашунидааст, равшан нишон медиҳад, ки онҳо барои ӯ нақша доранд. Ва ин собит мекунад, ки дар чунин масъалаҳо ба мақомоти Тоҷикистон бовар кардан мумкин нест”.

Фоссум аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон даъват кард, ки ба Душанбе дар мавриди маълум намудани макони будубоши Абдуллоҳи Шамсиддин фишор оваранд ва раҳоии ӯро талаб кунанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддинро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо аз мақомоти расмии Тоҷикистон хоста шуд, ки макони буду боши ӯро эълон кунанд. Аммо мақомоти тоҷик то кунун хомӯшанд, касе аз ӯ ҳарфе намезанад. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд.

Давоми чанд рӯзи ахир шуморе аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои аврупоӣ бо баргузории як иқдоми ҳамагонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро ба қазияи фаъоли сиёсӣ Абдуллоҳи Шамсиддин ҷалб кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.