31.9 C
Dushanbe

Ҳимояти ВКД-и Тоҷикистон аз Сайёра Дусаева

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ҳамтои русиаш хостааст, ки парвандаи ҷиноятии шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро зери назорати худ қарор диҳад.

Бино ба иттилои

Пеш аз ин, вақте навори кӯтоҳе аз ҷараёни ин ҳодиса дар расонаҳои русӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, вокунишҳои зиёдеро дар байни корбарон ба вуҷуд оварда буд. Аксари корбарон ҳам хостори пуштибонӣ аз ин бонуи тоҷикистонӣ шуда буданд. Онҳо аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ва дигар мақомоти кишвар хоста буданд, ки барои ҳимояи ин шаҳрванди Тоҷикистон иқдом кунанд.

Гуфта мешавад, “як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона лату кӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафи ӯро паст кардааст ва номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад. Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Русия тафтишот идома дорад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.