17.9 C
Dushanbe

Ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби мардум сармоягузорӣ мешаванд

Акси марбута аз azattyk.org

Шаҳрвандони Қирғизистон ҳуқуқи қонунии сармоягузории ҳизбҳои сиёсиро пайдо кардаанд. Ҳамакнун бо шарофати шаҳрвандони оддӣ намояндагони ҳизбҳову ҳаракатҳо имкони иштирок дар интихоботҳои порлумониро пайдо карданд.

Танҳо дар давоми 20 рӯз ҳизби “Ислоҳот”-и Қирғизистон 65 ҳазор доллар ҷамъ овардааст, ки барои ҳизб ин маблағ қобили мулоҳиза аст ва онро на сарватмандон ва на мансабдорон ба ҳизб додаанд. Ҳизбе, ки дар сафаш сарватманде надорад, акнун яке аз ҳизбҳои маъруфи Қирғизистон ба шумор меравад. Фаъолон, рӯзноманигорон, омӯзгорон, барномасозони компютерӣ ва ҳатто ровиҳои барномаҳои тафреҳӣ гирди ҳам омада, ҳизб таъсис доданд.

Ин барои бори аввал дар таърихи Қирғизистон аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат ёфтанд,барои пардохти гарави интихоботӣ аз шаҳрвандон ёрӣ бигиранд.

То ин дам дар Қирғизистон ҳизби бесармоя, аммо соҳиби мавқеъро чандон ҷиддӣ намегирифтанд. Вақте фаъолони ҳизб эълом карданд, ки барои пардохти гарави интихоботӣ маблағ ҷамъ меоранд, кам касоне бовар доштанд, ки қирғизистониҳо омодаи расонидани кӯмаки моддӣ ба сиёсат ҳастанд.

Аммо дар давоми чанд ҳафта ҳизби “Ислоҳот” қариб 65 ҳазор доллар ҷамъ овард. Ному насаби сармоягузорони ҳизб дар сомонаи он нашр шудааст.

Ба назари коршиносон такрори таҷрибаи Қирғизистон дар Тоҷикистон, ки як кишвари диктотурӣ ва худкома аст баъид ба назар мерасад. Зеро ин кишвар ва раҳбарияти он пайваста талош кардааст, ки аҳзоби дигарандешро аз мушорикат дар маъракаҳои сиёсӣ ва идораи кишвар дур нигоҳ дорад.Барои мисол яке аз далоиле, ки ҲСДТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии пеширӯ ширкат накард, маҳз ҳамин гарави интихоботӣ аст. Ин ҳам дар ҳоле аст ки аҳзоби бозанда аз гарави интихоботии гузоштаашон ҳам маҳрум мешаванд. Коршиносон ва таҳлилагрон иқдоми давлати Қирғизистон барои иҷозат додани сармоягузории аҳолӣ барои аҳзобро  мусбат арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди лоиҳаи нави “энергияи сабз” дар Тоҷикистон

Ширкатҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон талош доранд бо имзои созишнома бо Ҳукумат дар кишвар лоиҳаҳои истеҳсоли барқи офтобиро роҳандозӣ кунанд.

Ҳушдори нав ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Мақомот ба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳушдор додаанд, ки ба корти бонкии шахсони ношинос маблағ нагузаронанд.

Танишҳо байни Амрико ва Эрон дар тангаи Ҳурмуз. Ҷанг боз шуруъ шуд?

Рӯзи 7-уми май расонаҳо аз рух додани даргириҳо ва табодули оташ дар тангаи Ҳурмуз  хабар доданд.

ВКД-и Русия қоидаҳои нав барои муҳоҷирон пешниҳод кард

Ҳукумати Федератсияи Русия қасд дорад то 2 миллион муҳоҷирро ҷалб намуда, низоми нави кирояи онҳоро роҳандозӣ кунад.