13.9 C
Dushanbe

ҲНИТ дар хориҷ гуруҳҳои мусаллаҳ дорад ё натиҷаи сафарҳои махфиёнаи Ятимов ба Афғонистон?

Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон 18-уми феврал, оиди натиҷаҳои “Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм” изҳори назар карда дар рафти суханронияш гуфт, дар кишварашон “ҷангҷуёни ҲНИТ” ҳузур доранд.

“Радиои Озодӣ” навишта, ки мақомоти Афғонистон аз ҳузури 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтаанд, ки дар миёни онҳо афроди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ном бурда гуфт, ҳадафи ин гурӯҳҳо кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ (Чин) аст. Ба гуфтаи ӯ афроди ин гурӯҳҳо асосан дар шимоли Афғонистон ҷойгир ҳастанд.

Аммо масъулони ҲНИТ ин гуфтаҳоро беасос хонда, ин ҳизб дар сомонаи расмиаш бо баёнияе гуфтаҳои Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистонро ғайримасъулона ва дур аз воқеъият номид.

“Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суханони Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистон, дар мавриди инки гӯё “ҷангҷӯёни Наҳзати исломии Тоҷикистон” дар Афғонистон ҳузур доранд, шадидан маҳкум карда, ин изҳоротро ғайримасъулона ва дур аз воқеъият медонад.

ҲНИТ борҳо эълон карда ва ҳоло низ эълон мекунад, ки  ҳеч гуна ҷиноҳ ё неруи низомие дар ҳеч кишваре, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя ва дуст Афғонистон надорад ва муборизаи худро  бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод”,- омадааст дар баёнияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ рӯзи 19-уми феврал дар ин бора посух дода гуфта, ки Наҳзати исломӣ ҳеч гуна бахши низомӣ, аз ҷумла дар Афғонистон надорад.

“Ин баёнияи мақомоти Афғонистон махсус аст. Вақтҳои ахир намояндагони мақомоти амниятии Тоҷикистон ба Афғонистон сафар мекунанд ва бар пояи ин гуфтумон номи ҲНИТ дар қатори ҳизбу гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар зикр шудааст”, – гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Бояд гуфт, ки ҳафтае пеш раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба Афғонистон сафар кард ва бо раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии ин кишвар Абдулло Абдулло дар дафтари корияш Қасри Сапедор дидору гуфтугӯ намуд.

Дар бораи сафари ин мақомдори баландпояи Тоҷикистон расонаҳои ҳукуматӣ чизе нашр накардаанд ва танҳо Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст.

Гуфта мешавад, Ятимов рӯзи якшанбе ба кишвари ҳамсоя сафар намуда, зимни мулоқот бо Абдулло Абдулло дар бораи талошҳои Сулҳи Афғонистон ва вазъияти амниятии ин кишвар гуфтугӯ доштаанд.

Сафари Ятимов ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 11 феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон бо Ашарф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буд.

Ин сафари аввалини раиси КДАМ ба Афғонистон набуда ӯ ҳамчунин 10 сентябри соли гузашта низ як сафаре ба ин кишвар дошт, ки нахуст расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон онро нашр накарда буданд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон пайваста кушиш мекунанд кишварҳое, ки бо онҳо ҳамкориҳои бешатар доранд ҲНИТ-ро ҳизби ифротӣ эътироф кунанд. Ҳатто дар ҳамлаи маъруфи террористӣ дар Данғара ба саёҳони хориҷӣ низ Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро гунаҳкор дониста буд.

Мақомот он замон гуфтанд, ки ҳамларо Ҳизби наҳзати исломӣ зери пӯшиши парчами гурӯҳи тундрави ДИИШ анҷом дод. Вале масъулони ҳизб даст доштан дар ин ҳодисаро рад ва иттиҳомоти мақомотро ба ҷуз бадном кардани ин ҳизб чизи дигаре намедонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.