21.9 C
Dushanbe

Парвоҳзо байни Русия ва кишварҳои ИДМ дар ҳоли баррасӣ аст

Рӯзи 15 сентябр хабаргузории “Интерфакс” аз манбаи огоҳаш, аз Ҳукумати Русия хабар дод, ки масъалаи парвоҳзо байни Русия ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ моҳи октябр парвозҳо аз нав оғоз мегардад. “Интерфакс” навиштааст, дар аввал парвозҳо байни пойтахтҳои кишварҳои ИДМ Нур-Султон, Тошканд, Боку, Ераван, Душанбе буда, пасон ба дигар минтақаҳо оғоз хоҳан шуд, вале қарори ниҳоиро Ситоди мубориза бо каронавирус хоҳад гирифт.

Чанде қабл мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия гуфту шунид идома дорад, вале Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

Тоҷикистон аз 15 август то 15 сентябр парвозҳои чартериро бо Русия роҳдандозӣ карда буд, ки муҳоҷирон аз гаронии нархи билетҳо шикоят мекарданд. Гуфта мешуд, нафарони намояндагони сафорати Тоҷикистон дар  Русия чиптаҳоро арзон харидорӣ намуда, бо нархи гарон ба муҳоҷирон мефурӯхтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.