Қирғизистон: дар даргириҳои ахир 46 кушта ва 140 нафар замхӣ шудааст

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои хунини рӯзҳои ахир 46 кушта ва 140 нафар аз шаҳрвандонаш захмӣ шудааст.

Рӯзи 18-уми сентябри соли 2022

Ҳамзамон бино ба гуфтаи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳазиби демократи Тоҷикистон, дар ҳодисаҳои хунини се рӯзи гушазта “60 нафар аз Тоҷикистон кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудааст ва вазъият дар марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно “мурракаб” боқӣ мемонад.

Аз сӯи дигар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба оғози ҳамлаҳо ва “таҷовузҳои мусаллаҳона, ки қаблан терҳрезӣ шуда буданд,” муттаҳам карда, гуфтааст, ки “ҷониби Тоҷикистон маъракаи густурдаи дезинформатсияро роҳандозӣ кард, ки ҳадафаш бадном кардани амалҳои дифоии Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.”

Вале пеш аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо нашри як иттилоия гуфта буд, ки “дар рӯзҳои ахир ҷониби Қирғизистон ба хотири эҷоди симои “таҷовузкор” дар симои ҳамсояи худ, аз дурӯғпароканӣ ва рӯи рост иғво андохтан худдорӣ накарда, маъракаи иттилоотиеро алайҳи Тоҷикистон идома дода ва бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи марзӣ афзоиш медиҳад.”

Гуфта мешавад, ин “ҷанг”-и дастгоҳҳои диплумосии Тоҷикистон ва Қирғизистон замоне оғоз шудааст, ки пеш аз инҳо мақомоти қудратии ҳар ду кишвар низ бо нашри изҳоротҳои расмӣ якдигарро ба оғози ҳамлаҳои мусаллаҳона, “дурӯғпароканӣ” ва роҳандозии “маъракаҳои иттилоотӣ ба хотири бадном кардани якдигар” муттаҳам карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...