13.9 C
Dushanbe

ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙТАХТ

Агар Қирғиз аз Туркҳо ҳавопаймои Байракдор оварда аст, мо аз онҳо Бурак овардем.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Ibrohimi Saidnuriddin

Хонандаи гиромӣ!

Гумонат наравад, ки дар Душанбе метро ё трамвай сохта бошанд ё маркази омӯзиши микробиологие таъсис додаанд ва ё дастгоҳҳои муосиру бузурге барои омӯзишҳои физикӣ насб кардаанд. На, чунин нашуда аст.

Ҳатто гумон макун, ки мушкилии транспорт ё нархи бозорҳо дар пойтахт ҳал шуда асту мардум роҳат шудаанд.

На ин шуда асту на он, балки дар пойтахт ресторани “боҳашамат”-и Бурак кушода шуда аст.

Мо миллати бузургу шариф, бо маҳорати нодир, кофта кофта як туркро ёфта овардем, ки таоми хуб мепазад.

Мо аз мардуми Дубаю Истамбулу Порис чӣ камӣ дорем?!

Бало ба паси марзу мардумони марзӣ.

Бало ба паси муҳоҷирони беҳуқуқи тоҷик.

Муҳим Бурак бошаду меъда пур шавад.

“Бурак ба миллат муборак бошад!”

Агар Қирғиз аз Туркҳо ҳавопаймои Байракдор оварда аст, мо аз онҳо Бурак овардем.

Қирғизи бекалла фикри ояндаи дур мекунаду омодагӣ мегирад. Намедонад, то он оянда кӣ ҳасту кӣ нест, мо “аҳли ҳикмату хирад”-ро бубин меъда пур мекунем ва бо Бурак селфӣ мегирем.

Вақто дар миллате меъда муҳимтар аз майна, шикам муҳимтар аз шарафу иззат, ғуломӣ одату табиат мегардад, ҳол чунин мешавад.

Кош мо аз тукрҳо (ки ҳамеша зиёиёну рӯзноманигоронамон ин миллатро мазаммат мекунанду онҳоро одам ҳам ҳисоб намекунанд) кош аз онҳо на пухтани таому хурдани он, балки истеҳсол, ихтироъ, кору меҳнат ва иззату ғайрату шаҳомат… меомӯхтем.

Як турк агар дар дуртарин нуқтаи олам, намегӯям кушта шавад, балки андак озор бубинад, сафорати Туркия он кишварро ба по мехезонад.

Агар фарде аз миллати турк дар кишвари ғайре бемор шаваду бетаваҷҷӯҳ монад, Туркия барояш тайёраи хос равон карда ӯро ба ватан меорад.

Аммо ҷаноби тоҷик, ки замоне тоҷдор буд дар худи ҳамон лаҳза ки ирзу номуси миллат поймол мегардад, муҳоҷирони миллат дастаҷамъона дар вагоне, ё хонае, ё ҷангале, сузонда кушта мешаванд, боқимондаи миллат дар пойтахт бо кушода шудани ошхонаи Бурак ба рақсу бозӣ машғуланд.

Гӯё миллати тоҷик замини хушки солҳо обро надидае буд, ки борони Бурак омаду онҳоро сероб карда бошад, ки то ин ҳад фараҳу шодӣ ба вуҷуд омада аст.

Тақлид вабои бад аст. Вақто дар Дубаю дар Маскав кушода шуда аст, пас бояд дар Душанбе низ кушода шавад.

Монанди тақлиди мусалмоне, ки сагдории рус ё франсузеро дида ба худ саге мегираду барои таому шустану давои он пул сарф мекунад, дар ҳоле, ки холааш ё аммаш ё ҳамсояаш бемор асту ба таому дору муҳтоҷ аст.

Агар ҳоли миллат чунонест, ки ҳама хурду бузург медонад… ҳатто пиразанҳо пушти дари дуконҳои Маскав дар он сардӣ дар ҷустуҷӯи коранду модарон илова бар бозори кории занон дар ватан, боз дар базаҳои мевафурӯшии Маскав бозори кор ташкил кардаанд…Магар равост, ки “ҷавонмардон”-и миллат ба кушодашавии ошхонае дар лаҳзаҳои мусибати миллӣ ва поймолшавии марзу буму ирзу номус чунин шодӣ кунанд?!

Кош мо дар пойтахт кадом як мутафаккири ҷаҳониро меовардем, ё ягон физику химику ихтирохгареро меҳмон мекардему бо ӯ бо ифтихор акс мегирифтем.

Ҳоло аз омадани кадом олим, муфассир, муҳаддис ва ё қории ҷаҳонӣ намегӯям, зеро диндорӣ дар ин ватан ҷиноят маҳсуб аст, вале вақто аз дин ҳам дур шуда истодаем, лоақал дунёро ба даст орему фикру ҳавасу шодиву ҳимматамон аз ҳадди шикам фаротар бошад.

Онгоҳ маҳфилу шодиву фараҳ ҳалол аст, ки лоақал аз бист руси ваҳшие, ки муҳоҷири моро сар мебурад, яктои онро ба додгоҳ кашем ва барои муҷозоти ӯ пирӯзӣ ба даст орем.

Магар намедонем?! Ҳамон пулҳое, ки дар пойтахт чарх мезанаду мо бо он дар ошхонаи Бурак шишта таом мехӯрем, самари заҳамати муҳоҷир аст.

Аммо чун дирӯз наворе паҳн мегардад, ки русе ваҳшиёна пои палиди худро ба сари муҳоҷири тоҷик гузошта ӯро бо корд мекушад, ва фардои он рӯз шодиву фараҳ дар пойтахт дар фалак асту бо Бурак бо ҳавас селфӣ гирифта мешавад, кадом навъ ҳарфе метавонад ин ҳоли табоҳи миллатро баён кунад?!

Ҳеҷ касе зиддӣ кушодашавии ошхонаву ҳаммому боғу бустон… нест. Ин чизҳо дар ин аср аз китобхонаву масҷиду мактаб муҳимтар шудаанд.

Ҳеҷ оқиле дар ин асри моддиёт, ки ошпаз аз физику химику табибу ҳакиму фақеҳ…муҳимтару қадраш болотар шуда аст, дар асре, ки як соата даромади сарояндаи нимбараҳнаи беҳунари беҳаё аз як моҳа даромади профессори донишггоҳ бештар шуда аст ва тафреҳи нафсу пурсозии шикам ҳадафи муҳимтарини мардум гашта аст…ҳеҷ кас зидди ошхонакушоӣ нест, вале иддае зидди аз даст додани шарафу шаҳомату номуси миллӣ ҳастанд.

Бигзор ошхонаи Бураку боз Нусрат ҳам кушода шавад, аммо набояд кушодашавии ошхонаеро чун ихтироъи ҳавопаймое дониста то ин ҳад табли шодӣ занему ҳамаҷоро пур аз акс кунем.

Беҳтарин дастовард дар пойтахт он аст, ки мо сокинон ба рӯзе расем, ки пушти деворҳои зиндонҳои он, ки ҳамарӯза ба наздаш мегузарем, шахсони бегуноҳро набинем ва ё дар фурӯдгоҳи он тобутҳои муҳоҷир пешвоз нагирем ва ё лоақал камтар бубинем.

Беҳтарин дастоварди пойтахт ин аст, ки дар фурӯдгоҳи он модарону хоҳарони рӯ ба муҳоҷирати корӣ овардаро, ки бо тифлаконашон бо ҳасрату ашк видоъ мегӯянд, вонахурем.

Дастоварде, ки мебояд ба он ифтихор кард, он аст, ки мо барои ҷавонони боистеъдоди миллат, ки имкон дорад аз онҳо танҳо ошпазе чун Бурак не, балки муҳандису ихтироъгару барномасозу химику физик созем, барои онон дар пойтахти ватанашон шароити таҳсилу зисти шоистае фароҳам намоем.

Дастовард он аст, ки дар миллат боқӣ монад, солҳо барои кишвару миллат нафъ орад, асрҳо аз он ёд шавад…

Фикр накунам, ки кушодашавии ошхонае, дар вақти помол шудани ирзу номуси миллат, то ин ҳад шоистаи шодиву фараҳ бошад…

Ба умеди рӯзҳои неки миллат…

——-

И,С.

20,01,22

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.