Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.

Ин механизм бозгардонии босуръати муҳоҷирон ва расонидани кумаки фаврӣ ба кишварҳоеро, ки бо афзоиши зиёди вуруди муҳоҷирон рӯбарӯ мешаванд, пешбинӣ мекунад. 

Бино ба иттилои BILD, ин мувофиқа рӯзи 26-уми сентябр дар нишасти вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати Аврупо дар Мюнхен ба даст омада, ташаббускори он вазири корҳои дохилии Олмон Александр Добриндт будаст.

Дар ин нишаст намояндагони 18 кишвари аврупоӣ ва комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳоҷират Магнус Бруннер иштирок карданд. Испания, ки Сеута ба қаламрави он дохил мешавад, дар нишаст намояндаи вазоратии худро надошт. 

Механизми пешниҳодшуда аз се бахши асосӣ иборат буда, механизми якум муайян кардани ҳолати буҳронӣ мебошад. Яъне, кишварҳои ИА мехоҳанд меъёрҳои ягонаеро муайян кунанд, ки тибқи онҳо ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо эътироф карда шаванд.

Механизми дуюм бозгардонии босуръат буда, дар сурати расман эътироф шудани чунин ҳолат, бояд механизми махсус фаъол шавад, ки бозгардонии муҳоҷиронро тавассути тартиби тезонидашуда имконпазир кунад.

Сеюм — вокуниши фаврии “Frontex” буда, қарор аст механизми нави дастгирӣ таъсис дода шавад, ки тибқи он гурӯҳи фаврии Агентии аврупоии ҳифзи марз ва соҳил “Frontex” дар давоми 24 соат барои кумак ба кишвари узви ИА, ки бо вазъияти буҳронӣ дар марзи беруна рӯбарӯ шудааст, омода шавад. 

Дар нишасти Мюнхен ҳамчунин масъалаи васеъ кардани нақши “Frontex” дар раванди бозгардонии муҳоҷирон баррасӣ шуда, пешниҳод шудааст, ки ин агентӣ дар ташкили равандҳои бозгашт дар кишварҳои транзитии берун аз ИА низ нақши бештар дошта бошад. 

Кишварҳои аврупоӣ ҳамчунин идомаи музокирот дар бораи таъсиси марказҳои бозгардонӣ дар кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо, ки бо номи “Return Hubs” маъруфанд, баррасӣ карданд. Олмон дар ин масъала бо Австрия, Нидерландия ва Дания ҳамкорӣ хоҳад кард. 

Ба гуфтаи Добриндт, рӯйдодҳои моҳи июл дар Сеутаи Испания зарурати вуҷуди чунин механизмҳоро бештар нишон доданд. Ёдовар мемешавем, ки дар охири моҳи июл беш аз 70 ҳазор нафар аз Марокаш ба Сеута ворид шуданд. Қисми зиёди онҳо баъдан баргаштанд ё бозпас фиристода шуданд, аммо ҳазорон муҳоҷир дар ин минтақа боқӣ монданд. 

Бояд гуфт, дар ин марҳила сухан дар бораи қабули қонуни нави ИА барои ихроҷи оммавии муҳоҷирон нарафта, мақсади асосӣ таҳияи механизми муштаракест, ки дар сурати эътироф шудани вазъияти фавқулода дар марзҳои берунии ИА имкон медиҳад, вокуниш ва бозгардонии муҳоҷирон зудтар анҷом дода шавад.

*Frontex — ниҳоди Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳифзи марзҳо ва соҳилҳост, ки ба кишварҳои узви ИА дар назорати марзҳои беруна, идоракунии муҳоҷират ва бозгардонидани муҳоҷирон кумак мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.