Коҳиши дархости паноҳандагии тоҷикистониён аз Лаҳистон

Бино ба иттилои Идораи муҳоҷиратии Лаҳистон, аз аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 62 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд, ки ин омор нисбат ба соли гузашта 3% кам аст.

Тавре мақомоти Лаҳистон хабар медиҳанд, дар чор моҳи аввали соли 2026 дар Лаҳистон танҳо 2200 хориҷӣ барои гирифтани ҳимояи байналмилалӣ (мақоми паноҳанда ё ҳимояи иловагӣ) муроҷиат кардаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 тақрибан 66% камтар мебошад.

Мақомоти Идораи муҳоҷирати Лаҳистон сабаби асосӣ коҳиш ёфтани дархости паноҳандагиро ба кам шудани дархостҳо аз ҷониби шаҳрвандони Украина медонанд. Зеро, ба гуфтаи мақомот, бисёри онҳо акнун роҳҳои дигари қонунигардонии иқомат, аз ҷумла иҷозати иқомати муваққатӣ барои корро интихоб мекунанд.

Бар асоси иттилои расмӣ, дар соли 2026 шаҳрвандони 69 кишвар аз Лаҳистон дархости паноҳандагӣ додаанд. Бо вуҷуди коҳиш ёфтани дархостҳои паноҳандагӣ, шаҳрвандони Украина ва Беларус ҳанӯз ҳам дар сафи пеши гурӯҳҳои муроҷиаткунандагон меистанд. Омори расмии дархости паноҳандагӣ аз аввали соли 2026 чунин аст:

  • Украина — 803 нафар (37%)
  • Беларус — 654 нафар (30%)
  • Русия — 205 нафар (9%)
  • Тоҷикистон — 62 нафар (3%)
  • Молдова — 26 нафар (1%)

Гуфта мешавад, имсол миқдори муроҷиатҳои шаҳрвандони Украина 80%, Тоҷикистон 50%, Беларус 40% ва Русия 34% кам шудааст. Танҳо дар байни шаҳрвандони Молдова афзоиш мушоҳида шудааст.

Аммо дар миқёси Иттиҳоди Аврупо то охири апрели соли 2026 зиёда аз 230 ҳазор дархости ҳимояи байналмилалӣ сабт шудааст. Лаҳистон дар байни кишварҳои қабулкунандаи паноҳандагон ҷойи 12-умро ишғол намуда, дар байни ҳамаи кишварҳои Аврупо бо коҳиши тақрибан 65% шумораи дархостҳо бузургтарин коҳишро нишон додааст.

Мақомоти муҳоҷират ҳамчунин мегӯянд, ки дар Лаҳистон ҳимояи байналмилалӣ ба шахсоне дода мешавад, ки аз таъқиб бо сабабҳои миллат, дин, ақидаҳои сиёсӣ ё мансубият ба гурӯҳи иҷтимоӣ метарсанд. Ҳимояи иловагӣ бошад барои касоне пешбинӣ шудааст, ки дар сурати бозгашт ба кишвари худ ба хатари воқеӣ, аз ҷумла шиканҷа, ҷазои қатл ё хатари ҷанг дучор мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов даргузашт

Ҳунарманди маъруфи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания» Бахтиёр Раҳимов шаби 30-юми июн дар синни 56-солагӣ даргузашт.

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия: Вақти он расида, ки бархе масъулони тоҷик таҳрим шаванд

КҲН бо нашри изҳороте гуфта, ки мақомоти Тоҷикистон ва кормандони муассисаҳои ислоҳӣ маҳбусони сиёсиро пайваста шиканҷа мекунанд.

Ҷасади раиси ВМКБ баъди ду ҳафтаи ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ пайдо шуд

Ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ду ҳафта пеш бар асари суқути мошинаш ба дарёи Панҷ нопадид шуда буд, пайдо гардид.

Дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба Афғонистон дастикам 28 ғайринизомӣ кушта шуданд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба се вилояти шарқии Афғонистон дастикам 28 ғайринизомӣ кушта ва 49 нафари дигар захмӣ шудаанд.