Қочоқбарон дастгир шуданд

Акс аз вебгоҳи ВКД Тоҷикистон

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаби 23-юми июли соли 2020 дар мавзеи қаторкӯҳҳои “Туюнтов”, ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ду шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон бо ҷурми ғайриқонунӣ убур кардани марз ва қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД-и ноҳияи мазкур дастгир шуданд.

Ин ду нафари дастгиршуда шаҳрвандони ҳамсоякаишвари Афғонистон буда, яке бо номи Ҷалолиддин Валади Ёрмурод, соли таваллудаш 1972 ва дигаре Қалдов Аҳмад Чорӣ, соли таваллудаш 1990, сокинони вилояти Қундуз ёд шудааст.

Қочоқчиён дар баробари гузаронидани миқдори зиёди маводди мухаддир ҳамроҳи худ силоҳ низ доштаанд, ВКД дар шарҳи ин хабар менависад, “Мувофики маълумотномаи шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар вилояти Хатлон маводҳои аз шаҳрвандони Афғонистон мусодирашуда, 14 килограмму 250 грамм маводи нашъадори навъи “афюн” ва 140 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш”, мебошанд.Инчунин 1-адад автомати Калашников, 5-адад тирдон бо 141-адад тир дарёфт ва мусодира гардид.”

Акс аз вебгоҳи ВКД Тоҷикистон

Торнамои ВКД дар идома навиштааст, ки онҳо мехостаанд маводди нашъадорро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароранд. Ва айни замон нисбати дастгиршудаҳо аз рӯи 4 моддаи Кодекси чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 200 қисми 4, 289 қисми 3, 335 қисми 2 ва 195 қисми 2) айб эълон шуда, тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, ки чандест мураккаб будани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон шунида мешавад, ҳафтаи гузашта нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон доир гашт ва дар он масъалаи пурзур кардани қувваҳои ҳифозатии марз мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Ҳамзамон рӯзи 27 июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ зимни нишасти матбуотӣ таъдик дошт, ки ҳарчанд вазъ бад ҳам бошад,  вале масъулияти ҳифзи он бар души марзбонони тоҷик хоҳад буд на каси дигар. Ӯ гуфт: “Айни замон масъалаи бозгашти сарҳадбонони рус ба марзи Тоҷикистон баррасӣ намешавад ва ҳарчанд вазъият дар сарҳад башиддат ноором бошад ҳам, Тоҷикистон мустақилона ба ҳимояи сарҳадҳои худ қодир аст”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.