37.9 C
Dushanbe

Коҳиши воридоти орду гандум ба Тоҷикистон

Бино ба гузоришоти расмӣ, воридоти орд ва гандум ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ воридоти орд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,7 % ва воридоти гандум 18% кам шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин муддат ба Тоҷикистон беш аз 2,7 ҳазор тонна орд бо қиммати 865 ҳазор доллар ворид шудааст.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳамчунин коҳиши ҳаҷми воридоти гандум нисбат ба соли гузашта  мушоҳида шуда, ба кишвар ҳудуди 66,2 ҳазор тонна гандум ба маблағи 20,6 миллион доллар ворид шудааст.

Гуфта мешавад, Қазоқистон воридкунандаи аслии орд ва гандум ба бозори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Avesta.tj дар истинод ба ҳукумати кишвар менависад, ки то имрӯз ҳудуди 90%-и талаботи сокинони Тоҷикистон ба орд аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин карда мешавад.

Орд яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, сокинон аз баланд будани нархи он дар кишвар шикоят мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...