26.9 C
Dushanbe

Қосим Раҳбар: чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам

Қосим Раҳбар, раиси шаҳри Ҳисор бо гузашти як ҳафта хомӯшӣ ахиран рӯзи 24-уми феврал доштани суратҳисоб дар Бонки Швейтсария бо маблағи беш аз 9 миллион долларо рад кард.

Акс аз “Азия-Плюс”

Ӯ дар суҳбат бо ҳафтаномаи “СССР” мегӯяд, ки чунин матлабе ҳанӯз 10 сол пеш дар хабаргузории “Центразия” нашр шуда буд ва аз дигарбора нашр шудани ин хабар аз оғози моҳи феврал огоҳӣ доштааст.

“Зеро 1 ҳафта пеш аз интишори он аз рақамҳои ношинос ба воситаи шабакаи Телеграмм ба аҳли хонавода, ба бародаронам дар Тоҷикистон, ҷияну бародарзодаам, ки дар Россия таҳсилу зиндагӣ мекунад, паёмҳои гуногун расида, тарафи номаълум пешниҳод медоданд, ки барои пешгирӣ аз нашри хабар ман ин қазияро ё шарҳ диҳам ё пешгирӣ намоям, вале ман ба ҳамаи ин аҳамият надодам, зеро чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам ва дар Швейтсария ҳам боре набудам,” – гуфт Қосим Раҳбар.

Ӯ мегӯяд, дар сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 ӯ низ захмӣ шуда буд ва пас аз тавсияи табибон барои муолиҷа соли 2001 ба Вена пойтахти Австрия сафар карда буд.

Қосим Раҳбар дар шарҳи қазияи суратҳисоб кушодан дар Аврупо чунин гуфт: “Соли 2001 буд, он замон на ман Аврупоро дида будаму на корти бонкӣ доштаму на суратҳисоб барои кафолат ва табобат дар Аврупо. Клиникаи аврупоӣ ҳам кафолати шахсеро талаб мекарду ҳам бояд ҳисоби бонкии аврупоӣ мешуд. Тавре маълум аст клиникаҳои аврупоӣ бидуни ҳисоби бонкӣ бемор қабул намекунанд. Он вақт ман чунин имкониятро надоштам ва ба кӯмакам 1 соҳибкори хориҷӣ омад, ки он солҳо дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул буд. Муҳим аз ҳама ӯ шаҳрванди Австрия буду кафили ман шуд. Рафтем ба Вена, ташхиси пурраро гузашта ба Тоҷикистон баргаштем. Он замон ман дар вазифаи раиси вилояти Суғд кор мекардам ва наметавонистам корро як сӯ гузорам. Аммо дасту ҷигар ҳамоно маро азият дода, хуни сироятёфта ҳеҷ тоза намешуд. Маҷбур шудам соли 2003 бо 1 табиби дигар боз ба Вена сафар карда, ин маротиба муолиҷаро низ то ба охир бигирам. Соҳибкор дубора ба кумакам омада, боз кафили ман шуд. Дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам. То ҷойе огаҳ дорам ба номам дар ин клиника суратҳисоби бонкӣ кушода, харҷи табобатамро аз пули худам пардохт карда буд.”

Ӯ ҳамчунин афзуда, ки аз суратҳисоб доштан ба номаш дар Аврупо соли 2007 огоҳ шудааст. Ва таъкид мекунад, ки он соҳибкори аврупоӣ “тавассути суратҳисоби ба номи ман кушода пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом дода.”

Қосим Раҳбар дар ҳоле доштани чунин суратҳисобро бо номи худаш дар Бонки Швейтсария рад мекунад, ки рӯзи 22-юми феврал хабарнигорони “Азия-Плюс” барои дарёфти назари ӯ дар ин маврид ба шаҳри Ҳисор рафта буданд, вале ӯ хабарнигоронро напазируфт ва ба василаи раиси Дастгоҳи ҳукумати ҳисор паём дод, ки ин масъаларо шарҳ намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-феврал Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) аз кафши суратҳисоби бонкии ҳисоби бонкии раиси нави шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар Бонки Швейтсария хабар дод.

Ба иттилои таҳқиқгарони ин созмон, ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки ин миқдори пули зиёд чӣ гуна ва аз кадом сарчашмаҳо ба даст омадааст.

Қосим Роҳбар соли 1994, дар 30-солагияш раиси собиқ ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва соли 1996 раиси вилояти Суғд таъйин шуда, то соли 2006 дар ин мақом кор кардааст. Баъди тарки ин мақом ӯ то соли 2008 роҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт. Ӯ аз соли 2008 то 2015 ҳамчун вазири кишоварзӣ ва аз соли 2015 то 2022 раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳунари аз “фил пашша сохтан” дар 33 соли истиқлоли Тоҷикистон

Тоҷикистон истиқлоли худро аз Иттиҳоди Шӯравӣ 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард. Инак аз ин рӯзи торихӣ 33 сол мегузарад.

Сафари Рамазон Раҳимзода ба Чин

Бино ба иттилои расонаҳо, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Чин сафар кардааст.

Ҳамалаи паҳподҳо ба Русия ва қатъи фаъолияти фурӯдгоҳҳои Москав

Шаби гузашта дар манотиқи мухталифи Русия ҳамлаи густардаи паҳподҳои...

Эмомалӣ Раҳон нонвойхонаеро дар Хуҷанд ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумуҳури Тоҷикистон ду руз шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ифтитоҳи мағозаву ҳавз ва обкашу дигар иншооти хурду калон машғул аст.