33.9 C
Dushanbe

Котиби Шӯрои амниятии Русия ба Тоҷикистон меояд

Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзҳои 28-29 апрел ба Душанбе меравад. Ӯ дар Тоҷикистон бо ҳамкоронаш аз кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Дафтари матбуоти Шӯрои Амнияти Русия хабар дод, ки 28 апрел дар Душанбе Патрушев бо дабирони шӯроҳои амнияти Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон музокироти дуҷониба анҷом медиҳад. Инчунин рӯзи 29-уми апрел дар нишасти котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои СПАД ширкат хоҳад кард.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои амнияти ҳарбӣ, мубориза бо таҳдидҳо ба амният, чораҳои безараргардонии таҳдидҳо баррасӣ карда мешаванд.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амниятро қабл аз оғози ҷаласа ба ҳузур пазирад.

Патрушев бори охир ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 ҳангоми сафари дурӯза ба Осиёи Марказӣ ташриф оварда буд. Дар он сафараш Патрушев бо Раҳмонов мубориза бо терроризм, таҳдидҳо ба амнияти Осиёи Марказӣ, масоили ҳамкории ду кишвар дар доираи СПАД ва созмонҳои дигарро баррасӣ намуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.