Криштиану Роналдо ба қатори миллиардерҳо шомил шуд. Ӯ аввалин футболбози таърих ба шумор меравад, дороии беш аз 1 миллиард доллар аст.
Криштиану Роналдо, ситораи маъруфи футболи ҷаҳонӣ ва капитани дастаи мунтахаби миллии Португалия ва ҳамлагари дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ, расман ба рӯйхати шахсони миллиардер шомил шуд. Тибқи гузориши Bloomberg, дороии умумии Роналдо ба 1,4 миллиард доллар мерасад ва ӯ аввалин футболбозест, ки ба чунин сатҳи молӣ расидааст.
Ин дастоварди таърихӣ на танҳо нишонгари муваффақияти Роналдо дар майдони футбол, балки бозгӯи нобиғагии ӯ дар идоракунии молу сармоя ва бренди шахсиаш мебошад. Ғайр аз маош дар дастаҳои футбол, бахши аъзами даромади ӯ аз шартномаҳои реклама, тиҷорати либос ва атр, сармоягузорӣ дар амволи ғайриманқул ва бренди “CR7” мебошад.
Криштиану Роналдо дар тӯли фаъолияти касбиаш дар дастаҳои маъруфи “Манчестер Юнайтед”, “Реал Мадрид”, “Ювентус” ва ҳоло дар клуби “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бозӣ кардааст. Ӯ бо тими миллии Португалия барандаи Ҷоми Аврупо ва дигар ҷоизаҳои муҳими байналмилалӣ гардидааст.
Мувофиқи баъзе таҳлилгарон, Роналдо дар як сол зиёда аз 100 миллион доллар даромад ба даст меорад, ки аз он тақрибан нисфаш аз фаъолиятҳои ғайриварзишӣ мебошад.
Шомил шудани Роналдо ба қатори миллиардерҳо нишон медиҳад, ки футболбозони муваффақ метавонанд на танҳо дар варзиш, балки дар тиҷорат низ ба дастовардҳои бесобиқа ноил шаванд.
Ба ҳамин тартиб, Криштиану Роналдо на танҳо бо ҳунари варзишӣ, балки ҳамчун шахсияти ботаҷриба дар ҷаҳони молу сарват ва брендинг намунаи илҳомбахш барои миллионҳо ҷавон дар саросари ҷаҳон гардидааст.