23.9 C
Dushanbe

Кумаки 134 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ ба ширкати Барқи тоҷик

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишнома миёни Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистонро ба тасвиб расониданд, ки бар пояи он Бонки ҷаҳонӣ барои тармиму навсозии қисмате аз зерсохтор ва низ ба манзури ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” 134 миллион доллар қарзи бебозгашт хоҳад дод.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки рӯзи 17 июн созишномаро ба вакилон муаррифӣ кард, гуфт, маблағҳо барои дастгирии молиявии «Барқи Тоҷик» ва беҳбуди идоракунии ширкат равона мешавад. 

Барнома, қарор аст, то соли 2026 амалӣ шавад. Вазъи молиявии «Барқи Тоҷик» ширкати монополисти давлатӣ дар бозори нирӯи барқ солҳост ногувор мемонад. Ба ҳолати оғози соли 2020 қарзи ширкат ба беш аз 26 миллиард сомонӣ (2 миллиарду 600 миллион доллар) расидааст. Аммо як шарти ҷудо шудани гранти Бонки Ҷаҳонӣ барои «Барқи Тоҷик» ин аст, ки Тоҷикистон бояд сол ба сол нархи нерӯи барқро боло бибарад. Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳангоми тасдиқи барномаи кумаки 134-миллиондолларӣ барои устувории «Барқи Тоҷик» гуфта буд, нархи нерӯи барқро дар Тоҷикистон боло баранд, вагарна ширкат аз нигоҳи молӣ устувор нахоҳад буд. 

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ин пешниҳоди бонкро қабул кардааст ва то соли 2025 қарор аст, нархи нерӯи барқ афзоиш биёбад. То соли 2021 ҳар сол ба қадри 15 дарсад ва аз соли 2022 то 2025 ҳашт дарсадӣ боло бурда шавад. Айни замон нархи нирӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам яъне (2,3 сент) аст. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ин нарх хароҷоти тавлиди нерӯи барқро рӯйпӯш намекунад ва бояд афзуда шавад. Ба ҳисоби «Барқи тоҷик» нархи ҳар як киловатт/соат барқи тавлидкардааш 28 дирам баробар ба (2,8 сент) арзиш дорад ва бо ҷои фоида зарар мебинад. Аммо коршиносон мегӯянд, ҳисобдории «Барқи тоҷик» тоҷик шафоф нест ва намешавад бар пояи он нархи барқро арзон ҳисоб кард.

Коршиносон ва таҳлилгарони арсаи энергетикаи Тоҷикистон бар ин боваранд, ки яке аз сабабҳои ба қарз ғӯтавар шудани ширкати “Барқи тоҷик” ношаффофии муҳосибот ва мавҷудияти фасоди густарда дар идораи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии он аст. Қаблан бо фишори Бонки ҷаҳонӣ ширкати мазкур ба се бахши алоҳида, аз ҷумла бахши истеҳсол ва низ бахши фурӯш ҷудо карда шуд то аз афзоиши фасод дар он ҷилавгирӣ ба амал ояд. 

Зоҳиран ба назар мерасад,ҳамоно авзоъ бидуни тағйир боқӣ мондааст. Инки Бонки ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ барои ироаи кӯмак афзоиши нархи фурӯши неруи барқ ба аҳолиро тақозо мекунанд, чандин сол аст, ки такрор мешавад ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба хотири дарёфти ин гуна маблағҳо нархро боло мебарад. Вале нархи хадамоти иҷтимоӣ ва аз ҷумла истифода аз неури барқ дар муқоиса бо боло бурдани маоши мардум хеле суръати боло дорад.

Гузашта аз ин нозирони барқ дар маҳаллҳо бо соҳибони корхонаҳои саноъатӣ муомила карда ва на ҳама вақт ҳаққи истифодаро то ба охир мегиранд. Ахиран Президенти Тоҷикистон дар бастаи амру фармонҳояш дар робита ба коҳиш додани таъсири манфии COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон дастур дод, аз ҷумла нақшаи боло бурдани нархи барқ то охири сол ба таъхир гузошта шавад. 

Ҳамакнун маълум нест, ин дастури раисҷумҳур бо шарти гранти тақдимкардаи Бонки Ҷаҳонӣ чӣ гуна ҳамхонӣ хоҳад дошт. Ба ҷуз аз ВМКБ, боқӣ қаламрави Тоҷикистонро ширкати «Барқи Тоҷик» бо барқ таъмин мекунад. Ин ширкат айни замон 26 нирӯгоҳро дар ихтиёр дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкати «Помир энержӣ» сокинонро бо барқ таъмин мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.