29.9 C
Dushanbe

Кумаки Тоҷикистон ба Туркия

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои зарардидаҳои заминларзаи ахири Туркия кумак кунад.

Субҳи имрӯз, 7-уми феврали соли 2023, Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки “Тоҷикистон барои кумак ба зилзилазадагони Туркия як гурӯҳи наҷот мефиристад!”

Пеш аз ин Президенти Тоҷикистон бо ирсоли ду барқия ба ҳамтоёнаш дар Сурия ва Туркия ба наздикону пайвандони қурбониёни ин ҳодисаҳои ғамангез изҳори тасаллият карда ва ба маҷруҳон ва мардумони зардида шифои комил хоста буд. Аммо дар бораи ирсоли кумакҳо чизе нагуфта буд.

Дар вақте ин хабар таҳия мешуд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулъолда ва мухтори Турияро дар Душанберо ба ҳузур пазируфта, бори дигар изҳори ҳамдарӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин мулоқот, ки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон низ ҳузур “аз омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сафарбар намудани гурӯҳи ҳирфаии ҷустуҷуӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мазкур, инчунин расонидани кумаки башардӯстона иборат аз маводи аввалияи зарурӣ” хабар дод.

Гуфта мешавад, тибқи охирин оморҳои расмӣ дар натиҷаи ин заминҷунбиҳои субҳи дирӯз дар Тукря ва Сурия дасти панҷ ҳазор нафар қурбон шуда, беш аз 15 ҳазори дигар маҷруҳ шудааст.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ имрӯз эълон кард, ки эҳтимол меравад, шумори қурбониёни ин ҳодиса то 20 ҳазор нафар афзоиш ёбад. Корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад ва боридани барфу боронҳои зиёд то андозае кори гурӯҳҳои наҷотро мушкил кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.