Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee) бо нашри изҳороте гуфта, ки мақомоти Тоҷикистон ва кормандони муассисаҳои ислоҳӣ маҳбусони сиёсиро пайваста шиканҷа мекунанд.
Дар изҳороти ин созмон, ки 29-уми июни соли ҷорӣ нашр шудааст, таъкид мешавад, ки шиканҷа ҳам тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва ҳам тибқи конвенсияҳои байналмилалие, ки ин кишвар узви онҳо мебошад, қатъиян манъ буда, чунин амалҳо тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиноят арзёбӣ мешаванд.
Дар изҳороти КҲН таваҷҷуҳи махсус ба парвандаи маҳбуси сиёсии 68-сола Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки соли 2016 пас аз мурофиаи додгоҳии пӯшида бо иттиҳомҳои сохта ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, равона шудааст.
Ба иттилои ин созмони ҳомии ҳуқуқ, Маҳмадалӣ Ҳаит солҳои зиёд мавриди шиканҷа, муносибати бераҳмона ва таҳқиромез қарор гирифта, дар шароити номусоиди зиндон нигоҳ дошта мешавад. Тибқи низоми муқарраршуда, ӯ танҳо дар шаш моҳ як маротиба ҳаққи мулоқот бо наздиконашро дорад ва охирин мулоқоти ӯ бо ҳамсар ва ду хоҳараш рӯзи 2-уми июни соли ҷорӣ баргузор шуда буд.
Пас аз ин мулоқот, рӯзи 16-уми июн хоҳари маҳбуси сиёсӣ Гулбибӣ Ҳаитова ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфта, ки бародараш дар зиндон “бараҳна дар болои барф нигоҳ дошта, ӯро бо калтак (дубинка) мезананд, дар об нигоҳ медоранд ва баъд ду ҳафта дар утоқи танбеҳ маҳкам мекунанд.”
Писари ӯ Фирӯзи Маҳмадалӣ ба Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфтааст, ки падараш пайваста аз ҷониби масъулони зиндон мавриди фишору таҳқир қарор гирифта, борҳо бо мушт, лагад ва калтак латукӯб шудааст, ки дар натиҷа шунавоии як гӯшашро пурра аз даст додааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, падарашро дар ҳуҷраи серодам нигаҳ медоранд ва чанд маротиба аз матрас маҳрум кардаанд ва ӯ маҷбур шудааст дар рӯи фарш бихобад.
Дабири кулли Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия Берит Линдеман дар ин изҳорот гуфта, ки ин маълумот танҳо бахше аз силсилаи гузоришҳои нигаронкунандаест, ки аз бадшавии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
“Ин хабарҳо дар бораи шиканҷа танҳо охирин гузоришҳо аз силсилаи маълумоти бисёр нигаронкунанда мебошанд, ки аз Тоҷикистон мерасанд, дар ҳоле ки вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар ҳамоно босуръат бадтар мешавад. Солҳои зиёд аст, ки мақомот ва омилони чунин қонуншиканиҳо беҷазо мемонанд ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон бе посух боқӣ мемонад. Акнун вақти он расидааст, ки шарикони демократии Тоҷикистон нисбат ба мансабдорони асосии масъул таҳримҳои ҳадафманд дар қолаби “Қонуни Магнитский”-ро ҷорӣ кунанд“, — гуфт Линдеман.
Дар кумита ҳамчунин таъкид шудааст, ки Ҳайит аз бемориҳои вазнини дил, ҷигар ва гурда ранҷ бурда, пас аз хуруҷи бемории дилаш дар соли 2019 маъмурони зиндон ӯро аз доруҳои зарурии дил маҳрум карданд ва ҳамчунин барои дигар бемориҳояш кумаки кофии тиббӣ нагирифтааст.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқ ёдовар шудааст, ки соли 2018 Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона ҳабси Маҳмадалӣ Ҳайитро ғайриқонунӣ арзёбӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ӯро фавран ва бидуни ҳеҷ гуна шарт озод кунанд. Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон ҳамоно қонунӣ будани ҳукми додгоҳро таъкид намудаанд, аммо барои исботи гуноҳи ӯ далелҳои боэътимод пешниҳод накардаанд.
Дар ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ, ки 3-юми июли соли 2019 баргузор шуд, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон изҳор доштанд, ки гуноҳи Маҳмадалӣ Ҳайит дар додгоҳ пурра исбот шудааст ва ҳукми содиршуда қонунӣ мебошад. Онҳо ҳамчунин гуфта буданд, ки парвандаи Зайд Саидов мавриди бозбинӣ қарор намегирад.
Берит Линдеман аз мақомоти Тоҷикистон боз даъват кардааст, ки шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳайит ва дигар маҳбусони сиёсӣ фавран қатъ намуда, озодии ҳарчи зудтари онҳоро таъмин ва мутобиқи хулосаҳои Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона ба онҳо ҷуброни муносиб пардохт кунанд.
