31.9 C
Dushanbe

Кунгураи Амрико: COVID-19 вабои табиӣ набуд

Палатаи қонунгузорони Кунгураи Амрико пас аз таҳқиқи дусола дар бораи пайдоиши вабои COVID-19 дар ҳаҷми 520 саҳифа гузориш таҳия кардааст.

Натоиҷи таҳқиқот, ки сабабҳои интишори вируси ҳамагири COVID-19-ро омӯхтааст, рӯзи душанбе аз сӯи яке аз зеркумтиаҳои Комиссия назорат ва посухгуйии Маҷлиси намояндагон дар Кунгура ироа шуд.

Пас аз ду соли баррасӣ намояндагони Кунгура ба ин натиҷа расидаанд, ки вируси мазкур ба эҳтимоли зиёд маншаи озмоишгоҳӣ дорад ва табиӣ набудааст. Дар гузориш инчунин то кадом ҳад асарбахш будани ваксинаҳо низ таҷзия ва таҳлил шудааст. 

Брэд Венструп, роҳбари Комиссия таҳқиқот дар як номае ба Кунгура навишта, ки “умед дорам ин таҳқиқот ба Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳон кумак мекунад, то вабоҳои дигарро пешбинӣ кунанд, омодагӣ бигиранд ва ба таври дуруст аз он худро муҳофизат кунанд ва умедворам, ки пандемияҳо дар оянда пешгирӣ мешаванд.”

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки SARS-CoV-2 эҳтимолан дар надиҷаи “хуруҷи нохоста” аз озмоишгоҳ ё ҳангоми тадқиқот” дар Институти вирусологияи Вуҳан ба вуҷуд омадааст. Чун ба гуфтаи ин гузориш, ин вирус дорои хусусиятҳои биологие мебошад, ки дар табиат вуҷуд надоранд.  

Ҳамчунин хабаргузории Фаронса гузориш дода, ки Муассисаи беҳдошти миллии Амрико дар ин Институт таҳқиқоти баҳсабарангезеро дар бораи “ба даст овардани амалкарди вирусҳо” ба хотири мубориза бо онҳо маблағгузорӣ карда аст. Дар гузориш гуфта мешвад, ки кормандони ин озмоишгоҳ дар соли 2019 ба вируси мушобеҳ ба SARS-CoV-2 олуда шудаанд ва ин вирус пас аз чанд моҳ дар бозори хурокворие дар шаҳри Вухани Чин зуҳур кард.

Гуфта мешавад, вируси COVID-19, ки охири соли 2019 пайдо ва соли 2020 дар тамоми дунё мунташир гашт, ҷони миллионҳо нафарро гирифт. Аз ҷумла, оморҳо нишон медиҳанд, ки ин иврус танҳо дар Амрико боиси марги 1,1 милион нафар шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.