34.9 C
Dushanbe

Қурби доллару евро дар баробари сомонӣ боло рафт

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 09-уми март аз 14,9% поин рафтани қурби пули миллии сомонӣ дар баробари доллари ИМА хабар дод.

Акс аз “Asia-Plus”

Тибқи эълони расмии Бонки миллӣ имрӯз, 9-уми март қурби сомонӣ дар баробари 1 доллар, 13 сомониро ташкил дод, дар ҳоле, ки як рӯз пеш ин рақам баробар ба 11,3 сомонӣ буд.

Ҳамин тариқ, дар як рӯз қурби доллари ИМА нисбат ба як рӯзи қабл 1,7 сомонӣ гаронтар шуд.

Ҳамчунин дар ин муддат қурби евро аз 12,62 то 14,19 сомонӣ боло рафт.

Қурби расмии рубли русӣ, ки Бонки миллӣ барои имрӯз муъайян кардааст, 0,0995 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бонкҳои Тоҷикистон ҳафтаи дуввум аст, ки бо ишора ба набуди арзи хориҷӣ онро намефурӯшанд. Бонки миллии Тоҷикистон то ҳол сабаби боло рафтани қурби расмии доллару евро ва набудани асъори хориҷиро шарҳ надодааст.

Болоравии қурби доллар мардумро нигарон кардааст, чун болоравии қурби доллар баҳонае барои боло бурдани нархи маҳсулот мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.