Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия рафтан мехоҳанд, курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳонҳо ташкил карда мешаванд.

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе барои шаҳрвандоне, ки ният доранд аз имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия гузаранд, дарсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳонҳоро баргузор менамояд.

Гуфта мешавад, дар ин курсҳо ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд иштирок кунанд ва ҳадафи барнома баланд бардоштани сатҳи омодагии довталабон барои супоридани имтиҳонҳое мебошад, ки барои кор дар Русия заруранд.

Ин муассиса мегӯяд, ки дарсҳо ҳафтае ду маротиба, яъне рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе аз соати 09:00 то 12:00 дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 баргузор мешаванд.

Ташкили чунин дарсҳо дар Душанбе барои муҳоҷирони корӣ дар ҳолест, ки вакилони рус талош доранд супоридани имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русияро барои муҳоҷирон мушкилтар кунанд.

Аз ҷумла, вакили Думаи давлатӣ ва раиси ҳизби “Справедливая Россия — За правду” Сергей Миронов ахиран пешниҳод карда буд, ки шумори кӯшишҳои супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ маҳдуд карда шавад.

Ба иддаои Миронов, низоми амалкунанда маҳдудияте барои такроран супоридани имтиҳон пешбинӣ намекунад ва бисёре аз муҳоҷирон имтиҳонеро, ки барои қонунигардонии будубош ва фаъолияти корӣ дар Русия зарур аст, ҳамчун як расмиёти оддӣ қабул кардаанд.

Ҳизби Миронов дар ин бора ба сарвазири Русия Михаил Мишустин муроҷиати расмӣ ирсол карда, ба гуфтааш, барои аҳамияти имтиҳонро боло бурдан ва мусоидат барои пешгирии сӯиистифодаҳо пешниҳод кардааст, ки шумораи кӯшишҳо то се маротиба кам карда шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.