16.9 C
Dushanbe

Дар Хатлон 49 нафар аз қурутоб заҳролуд шуд

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон 49 нафар, ки пас аз хӯрдани қурутоб заҳролуд шуданд, ба бемористонҳо интиқол додаанд.

Имрӯз, 24-уми январи соли 2023 дар деҳаи Чагамаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон 49 нафар пас аз хӯрдани қурутоб заҳролуд шуда, ҳамаи онҳо ба беморхонаҳои ноҳия ва шаҳри Кӯлоб интиқол дода шудаанд.

Сомонаи Радиои Озодӣ ба нақл аз Шароф Рустамов, сардори Раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб хабар додааст, “пизишкон ҳанӯз дақиқ накардаанд, ки кадом маҳсулот дар қурутоб сабаби заҳролуд шудани сокинон шудааст.” Ва дар бораи тафсилоти ҳодиса дертар маълумот хоҳанд дод.

Дар аксар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон қурутобхӯрӣ дар фасли замистон ба як расми маъмулӣ табдил шуда аст ва чун аксари мардум дар дигар фаслҳои сол нисбатан вақти камтаре барои дидорбинии ёру дӯстонашон доранд, дар фасли сармо фурсатро ғанимат дониста, ба баҳонаҳои мухталиф мардумро даъват карда, зиёфат медиҳанд. Ин нафарҳое, ки заҳролуд шудаанд, низ дар меҳмонии яке аз сокинони ин ноҳия ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон то замони таҳияи ин хабар дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса тафсилоте надодаанд, вале бархе шоҳидони ҳол мегӯянд, 24 нафар аз ин заҳролудшудагон дар беморхонаи ноҳия мавриди ташхис ва табобат қарор гирифта ва боқӣ 25 каси дигарро, ки вазъи саломатиашон нисбатан вахимтар арзёбӣ мешуд, ба бемористони шаҳри Кӯлоб интиқол додаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бетартибӣ дар мактабҳо муд шудааст?

Навори бо тухм задани як талабаи мактаб дар ноҳияи Шаҳринав боиси вокунишҳои тунди корбарон шуд.

Лағви Конфронси Байналмилалии занони рӯзноманигор дар Душанбе

Конфронси Байналмилалии занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе...

Имсол ҳам Тоҷикистон кишвари саркӯбгари расонаҳо баҳо дода шуд

Тоҷикистон дар радабандии нави Созмони Гузоришгарони бидуни марз дар байни кишварҳои саркӯбгари расонаҳо қарор гирифт.

Эмомалӣ бародари домодашро вазифаи нав дод

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бародари домодашро директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъйин кард.