17.9 C
Dushanbe

Кушта шудани 13 нафар аз хонаводаи раҳбари ҲАМОС дар ҳамлаи Исроил

Ҷангандаҳои артиши Исроил шаби гузашта хонаи раҳбари сиёсии ҲАМОС Исмоил Ҳаниаро воқеъ дар урдугоҳи Шотиъ дар ғарби Ғазза бомборон карданд.

Ба иттилои расонаҳо, дар пайи ин ҳамлаи ҳавоӣ ба хонаи раҳбари сиёсии ҲАМОС Исмоил Ҳаниа ҳудуди 13 нафар, аз ҷумла хоҳараш кушта шуданд. Гуфта мешавад, аксари ҷонбохтагон занону кӯдакон ҳастанд.

Масъулияти ин куштори оилавиро Исроил ба дӯш гирифтааст. Артиши Исроил бидуни зикри кардани хонаи раҳбари ҲАМОС гуфтааст, ки шаби гузашта чандин хонаро дар урдугоҳи Шотиъ бомборон кард. Исроил иддао карда, ки нерӯҳои ҲАМОС дар ин хонаҳо пинҳон шуда буданд.

Аммо расонаҳои фаластинӣ мегӯянд, хонаҳоеро, ки нерӯҳои Исроил бомборон карданд, ҳама занону кӯдакон кушта шудаанд ва онҷо ҳеч низомие вуҷуд надошт. Гуфта мешавад, ҳоло даҳҳо нафар зери овораҳо дармондаанд ва эҳтимол шумори қурбониён бештар мешавад.

Ин дар ҳолест, ки 10-уми апрели соли ҷорӣ Исроил дар як ҳамлаи ҳавоӣ 3 фарзанди Исмоил Ҳаниа ва чанде аз наберагонашро, ки ҳама дохили як мошин савор буданд, мавриди ҳамла қарор дод, ки ҳамагӣ кушта шуданд.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки Исроил бариловаи бомборон кардани хонаҳо шаби гузашта инчунин мактаби Ивоъ – тобеи Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ ба оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид (UNRWA)-ро, ки ҳоло ба урдугоҳи паноҳандагон табдил шудааст, мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор дод, ки дар натиҷа даҳҳо нафар аз кӯдакону занон кушта шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, шуруъ аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 то кунун 37 ҳазору 626 нафар кушта шуданд, ки беш аз 70 дарсадашонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ва инчунин ҳудуди 86 ҳазору 100 нафар ҳам то кунун маҷруҳ шудаанд. Вале оморҳои ғайрирасмӣ шумори кушташудагонро аз ин ҳам бештар арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.