Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки ду шаҳрванди Афғонистон тавассути марзбонони Тоҷикистон кушта шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, 9-уми июни соли 2024 ду сокини вулусволии Ёвони Бадахшони Афғонистон тавассути марзбонони Тоҷикистон бо зарби тир кушта шудаанд.
Ба қавли манбаъ, ин ҳодиса замоне рух дода, ки як гурӯҳи 15-нафара барои тиллокорӣ мехостанд аз рӯдхонаи Омӯ убур карда ва ба самти Тоҷикистон бираванд, ки бо ҳушдорҳои таваққуфи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуданд.
Расонаҳони Афғонистон ба нақл аз бошандагони рустои Шулири ноҳия Ёвони вилояти Бадахшон иттилоъ додаанд, аз баски бархе аз афроди ин гурӯҳи 15-нафарӣ бо худ силоҳ доштанд, ҳангоми ҳушдори марзбонони Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Ва дар ҳамин вақт марзбонони Тоҷикистон ба самти онҳо тир кушода, як навҷавон ва як пиронсол бо зарби тири онҳо кушта шудааст.
Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз 48 соат аз вуқуи ин ҳодиса то ҳол ҳам ҳукумати Толибон ва ҳам мақомоти Тоҷикистон тафсилоти ин ҳодисаро ба сурати расмӣ шарҳ надодаанд.