Дар ҳамлаи паҳподии шаби 9-ум ба 10-уми август ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия вобаста ба ин ҳодиса гуфт, ки дар натиҷаи ин ҳамла 9 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳашт шаҳрванди Узбекистон ҷон бохта, ҳудуди 20 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Мақомоти Русия иддао доранд, ки паҳподҳои украинӣ иншооти саноатӣ ва мулкии Нижнекамскро ҳадаф қарор додаанд. Дар ҳамин ҳол, Ситоди кулли артиши Украина гуфтааст, ки ҳадафи ҳамла корхонаи коркарди нафти “Танеко” будааст. Пас аз ин ҳодиса дар Ҷумҳурии Тотористон рӯзи мотам эълон шуд.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба намояндаи ҷомеаи тоҷикони Нижнекамск аз шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон Рамазоналӣ Басиров ном бурда, мегӯяд, ӯ сокини 30-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Басиров ҳамагӣ як моҳ пеш барои кор ба Русия рафта буд.
Ба навиштаи ин расона, Рамазоналӣ Басиров дар ширкати туркии “Ямата”, ки дар Нижнекамск сохтмони як корхонаи кимиёиро анҷом медиҳад, фаъолият мекард. Тибқи нусхаи иҷозатномаи кории ӯ, вазифааш ронандаи мошини борбардор (кран) будааст. Ӯ ҳамроҳи дигар муҳоҷирон дар хобгоҳи ширкат зиндагӣ мекард.
Аз Рамазоналӣ Басиров ду фарзанди хурдсол боқӣ мондааст. Гуфта мешавад, ҷасади ӯ рӯзи 13-уми август тавассути шаҳри Қазон ба Хуҷанд интиқол дода мешавад. Ҳамчунин ширкати корфармо ва мақомоти Ҷумҳурии Тотористон ваъда додаанд, ки хароҷоти интиқоли ҷасадро пардохта, ба хонаводаи марҳум ҷубронпулӣ хоҳанд дод.
Ба иттилои мақомоти расмӣ, дар ин ҳамла ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ ҷароҳат бардоштаанд. Аммо то кунун мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи шахсияти онҳо ва вазъи саломатияшон маълумоти расмӣ нашр накардаанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тотористон хабар доданд, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудагон 2 миллион рублӣ ҷубронпулӣ ва осебдидагон вобаста ба дараҷаи ҷароҳатҳои бардоштаашон аз 300 ҳазор то 600 ҳазор рубл пардохт хоҳанд кард.
Тайи чанд моҳи охир Украина ҳамлаҳои паҳподии худро ба нуқтаҳои муҳими дохили Русия, аз ҷумла корхонаҳои коркарди нафт, анборҳои сӯзишворӣ, иншооти саноатӣ ва логистикӣ, инчунин анборҳои бузурги ширкатҳои тиҷоратӣ бештар кардааст. Дар бисёре аз чунин корхонаҳо ва иншоот муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо низ дар баробари кормандони маҳаллӣ бо хатарҳои ҷиддии амниятӣ рӯбарӯ буда, эҳтимоли осеб дидан ё талафоти ҷонӣ барои онҳо низ афзоиш ёфтааст.
