24.9 C
Dushanbe

Лағви шаҳрванди барои саркашӣ аз хидмат дар артиши Русия

Шаҳрвандии як зодаи Тоҷикистонро барои саркашӣ аз хидмат дар артиши Русия бекор ва худашро ихроҷ карданд.

Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар додаст, ки Додгоҳи вилояти Рязан як зодаи Тоҷикистонро ба хотири саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ гунаҳкор донист ва паспорти русии ӯро бекор кард.

Гуфта мешавад, ин зодаи Тоҷикистон соли 2022 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд ва ҳоло шаҳрвандияш лағв ва худаш аз ихроҷ мешавад.

Дар иттилоияи мақомоти ин кишвар, аз ин зодаи Тоҷикистон ном бурда намешавад, танҳо гуфта шуда, ки ӯ мутавлиди соли 2001 аст. Ба иддаои мақомот гӯё ӯ ба даъватномаи Камиссарияти ҳарбӣ барои хидмати иҷборӣ дар Артиш сарпечӣ карда, ба камисариат ҳозир нашудааст.

Ба мабнои гуфтаҳои бархе муҳоҷирон, Русия раванди соҳиб шудани шаҳрвандияшро хусусан барои ҷавонон осон кардааст, аммо пас аз гирфтани шаҳрвнадӣ дар ҳол барои онҳо рафтан ба ҷанг ва ё хидмат дар артиш пешниҳод мешавад, онҳое, ки намепазиранд, шаҳрвандияшон дар ҳол бекор ва худашон ихроҷ мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.