25.9 C
Dushanbe

Латтукӯби кӯдак дар кӯдакистон аз ҷониби мақомот таҳқиқи мешавад

Мақомоти Душанбе пас аз паҳн шудани навори латтукӯби як кӯдак дар кӯдакистони пойтахт таҳқиқотро оғоз карданд.

Рӯзи 9-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видиоие нашр шуд, ки дар он дида мешавад, ки яке аз мураббиён дар кӯдакистоне бо духтарчаи хурдсол муносибати бисёр дурушт намуда, ӯро мезанад.

Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҳодиса рӯзи 7-уми май дар кӯдакистони рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, додситонии пойтахт вобаста ба ин қазия нисбати мураббия ва дигар масъулони муассиса санҷиши расмӣ оғоз кардааст. Пас аз анҷоми таҳқиқ қарор ва баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд.

То ҳол роҳбарияти кӯдакистон ва ё волидайни кӯдак вобаста ба ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Паҳн шудани ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсу нигаронии зиёд миёни корбарон гардидааст. Бисёриҳо масъалаи назорат ва шароити тарбия дар баъзе кӯдакистонҳои пойтахтро матраҳ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 марги як кӯдаки дусола дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка)-и Душанбе баҳси густардаеро дар ҷомеа ба миён оварда буд. Баъди ин ҳодиса мудири кӯдакистон ва мураббияи кӯдак аз ҷониби додгоҳ ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд. Кӯдак дар пайи овезон шудан аз панҷараи рахти хоби ошёнаи дуюм ҷон бохта буд.

Он замон вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз вазъи таълиму тарбия ва ҳолати баъзе кӯдакистонҳои Душанбе изҳори нигаронӣ карда буд.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 кӯдакистон ва муассисаҳои томактабӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо беш аз 110 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо вуҷуди ин, коршиносон мегӯянд, рух додани чунин ҳодисаҳо метавонад ба эътимоди волидон нисбат ба кӯдакистонҳо таъсири манфӣ расонад ва нигарониҳоро дар бораи назорату амнияти кӯдакон бештар кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди лоиҳаи нави “энергияи сабз” дар Тоҷикистон

Ширкатҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон талош доранд бо имзои созишнома бо Ҳукумат дар кишвар лоиҳаҳои истеҳсоли барқи офтобиро роҳандозӣ кунанд.

Ҳушдори нав ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Мақомот ба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳушдор додаанд, ки ба корти бонкии шахсони ношинос маблағ нагузаронанд.

Танишҳо байни Амрико ва Эрон дар тангаи Ҳурмуз. Ҷанг боз шуруъ шуд?

Рӯзи 7-уми май расонаҳо аз рух додани даргириҳо ва табодули оташ дар тангаи Ҳурмуз  хабар доданд.

ВКД-и Русия қоидаҳои нав барои муҳоҷирон пешниҳод кард

Ҳукумати Федератсияи Русия қасд дорад то 2 миллион муҳоҷирро ҷалб намуда, низоми нави кирояи онҳоро роҳандозӣ кунад.