16.9 C
Dushanbe

Шиканҷаи гурӯҳии як сокини Суғд дар шуъбаи ВКД

Чор корманди мақомоти корҳои дохилӣ як сокини масти ноҳияи Спитаменро латукӯб карда, 6 қабурғаашро шикастаанд.

Бино ба навиштаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, рӯзи 16-уми октябри соли ҷорӣ, Ғуломҷон Зоирови 40- сола дар ҳолати мастӣ як зани калонсоли ҳамсояшонро ба оғӯш гирифтааст.

Ғуломҷон Зоирови мастро дар ин ҳолат як кормандаи маҳаллии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Спитамен дида, бо вуҷуди шикоят накардани пиразан алайҳи Ғуломҷон Зоиров милиса ӯро боздошт ва ба шуъбаи минтиқавии милитсия интиқол дода аст.

Дар ин шуъба 4 корманди ин ниҳод бо шумули нозири минтақавӣ бо Бахтиёр Ғуломҷон Зоировро бо пойҳояшон латукӯб карда 6 қабурғаашро шикастаанд ва баъд ба як утоқи дигари корӣ мебаранд. 17-уми октябр вай, ба хонааш рафта, сипас аз шиддат дард аз ҷояш хеста наметавонад.

18-уми октябр ҷабрдида ба беморхона рафта, рентген мекунад ва маълум мешавад, ки 6 қабурғааш шикаста, мағзи сараш ҳам ҷунбидааст. Табибон Зоировро дар беморхона бистарӣ карда, ба милиса хабар медиҳанд. Зоиров ба корманди милиса эътироф мекунад, ки ӯро дар милисахона 4 корманди милиса заданд.

Рӯзи 22-юми октябр Зоиров ба экспертиза меравад. Вале эксперт Шуҳрат Қӯшмуродов дар хулосааш навиштааст, ки ӯ гӯё худаш афтода, 6 қабурғаашро шикастааст.

Ба иддаои ӯ вақте ки табибон дар беморхона ба вай доруи хоб хӯронда буданд, кормандони мақомот даромада, дар хобаш имзои ӯро гирифтаанд, ки гӯё вай бо хулосаи экспертиза розӣ асту даъвое надорад.

Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки Ғуломҷон Зоиров ба ҷойи дигар шикоят бурдааст ё не?

Кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони ВКД ҳангоми боздошт ва тафтишот барои ба дӯш гирифтани гуноҳ, аз шиканҷа ва латукӯб истифода мебаранд. Ҳолатҳое ҳам вуҷуд доштанд, ки боздоштшудаҳо ба ин ҳама шиканҷаҳо тоб наоварда ба ҳалокат  расидаанд. Аммо дар бисёр ҳолат кормандони мақомот ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.