10.9 C
Dushanbe

Лимити барқ кай бардошта мешавад?

Бо фаро расидани фасли баҳору гарм шудани ҳаво дар Тоҷикистон то ҳол барқ ба сокинон бо лимит дода мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки “ҳоло маълум нест, ки то ҷашни Наврӯз маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон бардошта мешавад ва ё на”.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13-уми феврали соли ҷорӣ Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки бо гарм шудани ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об лимити барқ бардошта мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, ки маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарёи Вахш боло равад ва тавлиди нерӯи барқ талаботро қонеъ кунад.

Гуфта мешавад, расман аз 1-уми феврали соли 2023 барқ ба сокинон бо маҳдудият дода мешавад. Аммо сокинони кишвар аз миёнаҳои фасли тирамоҳ аз набуди барқ шикоят доранд.

Пештар аз ин, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ бо як фармон “лимит”-и барқ дар кишварро бекор карда буд. Аммо ин фармони раисҷумҳур дер давом накард ва ширкати “Барқи тоҷик” онро бо баҳонаи камбуди истеҳсоли барқ бекор кард.  

Сокинон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ барқ истеҳсол мешавад, вале мақомдорон онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон мефурӯшанд.

Ҳатто Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар зимни нишасти хабарии ниҳодаш гуфта буд, ки дар соли 2022 “Тоҷикистон 21 миллиарду 399,5 миллион кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол намуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти низоми энергетикии мамлакат мебошад.”

Камбуди барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, давоми 30 сол то ҳол ҳалли худро пайдо накардааст. Аммо фурӯши он ба хориҷи кишвар бемушкилие идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тошиев: Аломатгузорӣ дар марз бо Тоҷикистон қариб ба охир мерасад

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, раванди аломатгузорӣ байни нуқтаҳои муайяншудаи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон қариб ба поён расидааст.

Зоҳидро баъд аз бахшидан дар Тоҷикистон зиндонаш карданд

Як сокини ноҳияи Ванҷро баъд аз пурсиши афв ва баргаштан ба Тоҷикистон боздошту зиндонӣ карданд.

Боздошти марде бо иттиҳоми фаъолият дар интернет бо ному чеҳраи занона

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дода, ки ӯ дар либоси занона дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳтаво нашр мекардааст.

Гирифтани шиносномаи Русия миёни зодагони Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ поин рафтааст

Дар соли 2025 ҳамагӣ 71 зодаи кишварҳои хориҷӣ соҳиби шиносномаи Русия шудаанд.