Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон Абдуллоҳ Буҳабиб ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”, ки ҳафтаи гузашта тавассути Исроил кушта шуд, фош кард.

Вазири корҳои хориҷии Лубнон дар мусоҳиба бо хабаргузории “CNN” гуфт, ки Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил як рӯз қабл аз террори раҳбари “Ҳизбуллоҳ” барои оташбас мувофиқат карда буд, аммо фардои он рӯз якбора ба дафтари марказии ин гурӯҳ дар Лубнон ҳуҷум кард ва ӯро кушт.

“Мо пас аз гуфтугӯи зиёд бо “Ҳизбуллоҳ” комилан ба оташбас мувофиқат карда будем ва ба амрикоиҳо ва фаронсавиҳо ончи ки мувофиқат шуда буд, ҳамро иттилоъ додем. Онҳо низ ба мо хабар доданд, ки Натанёҳу бо баёнияи содиршуда аз ҷониби Амрико ва Фаронса дар мавриди оташбас мувофиқат кардааст.“, мегӯяд вазири корҳои хориҷии Лубнон.

Ин мақомдори баландпояи лубнонӣ дар мусоҳибааш ҳамчунин таъкид мекунад, ки “Қарор буд фиристодаи Амрико ба Бейрут барои музокира бар сари оташбас биёяд. Онҳо ба мо хабар дода буданд, ки Натанёҳу бо ин мувофиқат кардааст. Ва мо низ мувофиқати “Ҳизбуллоҳ”-ро дар бораи ин масъала гирифта будем. Аммо як рӯз пас аз ин тавофуқот Исроил бо бомборон кардани қароргоҳи “Ҳизбуллоҳ” дар ҷануби Бейрут Насруллоҳро террор кард.“

Ёдовар мешавем, ки 28-уми сентябри соли ҷорӣ Исроил дафтари марказии гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро бомборони шадид кард, ки дар натиҷа раҳбари ин гурӯҳ, Ҳасан Насруллоҳ бо чанде аз фармондеҳонаш кушта шуданд.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, Исроил пас аз даргирии соли 2006 бо “Ҳизбуллоҳ” то кунун дар бораи террори раҳбарони ин гурӯҳ маълумоти истихборотӣ ҷамъоварӣ карда буд ва ҳар замон барои анҷоми он нақша мекашид ва ахиран муваффақ шуд.

Дар пайи террори раҳбари “Ҳизбуллоҳ” ва ҳуҷуми Исроил ба хоки Лубнон, давлати Эрон шаби 1-уми октябр бо мақсади интиқомҷӯӣ то 250 мушаки баллестикӣ ба сӯи Исроил партоб кард, ки чанде аз онҳо ба аҳдофи худ расиданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.