Маҷлиси намояндагони Амрико салоҳиятҳои Трампро дар ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида қатъномаеро қабул кард, ки ҳадаф аз он маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Ин санад бо 215 раъйи ҷонибдор ва 208 раъйи мухолиф тасвиб шуд. Чаҳор вакили ҷумҳурихоҳ низ ҳамроҳ бо демократҳо ба тарафдории он овоз доданд.

Тибқи қатънома, агар Конгресс расман ҷангро эълон накунад ё иҷозаи истифода аз нерӯи низомиро надиҳад, президент бояд нерӯҳои амрикоиро аз амалиёти ҷангӣ алайҳи Эрон берун кунад.

Тарафдорони қатънома мегӯянд, ки тибқи Қонуни асосии Амрико, ваколати эълони ҷанг ба Конгресс тааллуқ дорад ва раисиҷумҳур набояд ба танҳоӣ дар бораи идомаи ҷанг қарор қабул кунад.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо ин иқдом мухолифанд. Онҳо мегӯянд, амалиёти низомии Амрико алайҳи Эрон ба маънои ҳуқуқии калима “ҷанг” нест ва бинобар ин ба иҷозати Конгресс ниёз надорад. Ба гуфтаи онҳо, маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур метавонад ба манфиати раҳбарони Эрон бошад.

Пеш аз раъйгирӣ, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар суҳбат бо гурӯҳе аз қонунгузорон аз сиёсати ҳукумат дар баробари Эрон ҳимоят кард. Ӯ гуфт, амалиёти низомии ахир ба поён расидааст ва ҳадафи он ҳифзи амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида буд.

Ҳукумати Трамп мегӯяд, ки ин амалиёт барои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ зарур аст. Мақомоти амрикоӣ бар ин назаранд, ки ҷилавгирӣ аз рушди барномаи атомии Эрон ба амнияти Амрико ва муттаҳидони он мусоидат мекунад.

Бо вуҷуди тасвиби қатънома дар Маҷлиси намояндагон, он ҳанӯз қувваи қонунӣ надорад. Барои амалӣ шудани санад, Сенати Амрико низ бояд онро қабул кунад. Нозирон мегӯянд, сарнавишти қатънома дар Сенат ҳанӯз рӯшан нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...