24.9 C
Dushanbe

Мақомот ваъдаи волидонро гирифта, дари масҷидро боз кард

Мақомоти шаҳри Исфара баъд аз гирифтани ваъдаи волидон, ки фарзандонашонро ба артиш мефиристанд, дари масҷиди “Умари Одил”-ро дубора боз карданд. 

Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки мақомот ба сокинони ҷамоати Сурхи Исфара шарт гузоштаанд, агар ҷавонони синни даъват ба комисариати ҳарбӣ барои рафтан ба артиш ҳозир нашаванд, дари масҷидашонро боз нахоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ҷавонони ин деҳа аз сабаби набуди ҷойи кор дар кишвар ва мушкилоти зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд. 

Дари масҷиди “Умари Одил”-и деҳаи Найман баъд аз як ҳафта ва пас аз ваъдаи чанд падару модар, ки фарзандонашон ба артиш мефиристанд, боз шуд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомот бо талаби ба артиш фиристодани ҷавонон дари масҷидҳоро мебанданду барқҳоро хомӯш мекунанд. Пештар аз ин хабарҳое аз баста шудану хомӯш кардани барқи масҷидҳо дар шаҳри Панҷакенту ноҳияи Рашт ва вилояти Хатлон расонаӣ шуда буд. 

Инчунин мақомот дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар барои фиристодани ҷавонон ба артиш волидони онҳоро боздошт кардаанд. Аз ҷумла рӯзи 14 майи соли 2023 пайвандони сокини деҳаи Киштӯдаки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент Умарқулова Санам ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки кормандони ҷамоати Ёрӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ин модари 5 фарзанд, аз ҷумла як кӯдаки ширмакро ғайриқонунӣ рафта аз хонааш маҷбурӣ ба ҷамоат оварда, ба ҳабс гирифтаанд ва ба ӯ гуфтаанд, ки “Ё писаратро аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон бармегардонӣ ё 24 ҳазор сомонӣ маблағ меорӣ”.

Бо вуҷуди ин ҳама хабару гузоришҳо аз рафти даъвати баҳорӣ, ки пур аз фишору “облава”-и ҷавонон аст, мақомот тавре фазосозӣ мекунад, ки гӯё ҳама розиянду бо хоҳиши худ ба артиш мераванд. Телевизионҳои давлатӣ бошанд, ба таърифу тавсиф пардохта, ин ҳамаро аз “натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват” мегӯянд.  

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз иллатҳои аслии саркашӣ кардани ҷавонон аз рафтан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мушкилоти иқтисодии мардум бошад, мушкили бадтар аз он дар дохили худи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст, ки сарбозозорӣ, шиканҷаи наваскарон ва лату кӯби онҳо тавассути ҳамхидматони худи онҳост. Ба ҳамин хотир, решакан кардани ин мушкили ҷомеа ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.