27.9 C
Dushanbe

Мақомот боздошти нависандаи шинохта Абдуқодири Рустамро тасдиқ кард

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти нависанда, муҳаққиқ ва масъули шуъбаи кадрҳои Бемористони “Ибни Сино” Абдуқодири Рустамро тасдиқ кард. 

Дар ин бора Додситони кулли кишвар дар посух ба дархости хаттии “Азия-Плюс” хабар додааст.

Ин нависандаи шинохта бар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “Барангехтани кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” аз ҷониби мақомот рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шудааст.

Аммо додситонӣ бо ишора ба моддаи 177 Кодекси мурофиавии ҷиноии (КМҶ) кишвар ва моддаи 6, банди “ж” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кардааст.

Инчунин ин ниҳод таъкид кардааст, ки тибқи талаботи моддаи 15 КМҶ ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми додгоҳ дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад.

Абдуқодири Рустам 65 сол дошта, дар гузашта дар нашриёти “Ирфон” кор кардааст ва як муддат рӯзноманигорӣ ҳам кардааст. Ӯ муаллифи чанд роман ва омодакунандаи “Девон”-и Рӯдакӣ мебошад ва дар вироиш ва тасҳеҳи матни китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалил Холиқзода кор кардааст. 

Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба бор овард.

Муаллифи ин китоб, Абдухалил Холиқзода аввалҳои моҳи августи соли ҷорӣ бо фармони додситони кул Юсуф Раҳмон боздошт шуд ва дертар мақомот эълон карданд, ки ӯ бар пояи банди 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба он гумонбар мешавад ва гӯё “бо гурӯҳе аз афрод бо маслиҳати пешакӣ ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва маҳалгароӣ” даст задааст. 

Пас аз боздошти Холиқзода хабари боздошти молики нашриёти “Эр-граф”, ки китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар инҷо чоп шудааст, расонаӣ шуда буд. Аммо мақомот то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд. 

Таҳлилгарон сабаби боздошти Абдуқодири Рустамро низ ба ин китоб рабт медиҳанд. 

Ҳоло мақомот баъзе намояндаҳои ҳизби ҳоким, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба по хезондаанд ва онҳо зидди муаллиф ва ин китоб интиқодҳоеро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.

Мулоқоти Эмомалӣ бо Дабири кулли СММ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот кард.

Озодии 10 зиндонӣ бо пардохти 6 миллиард доллар

10 нафар аз зиндониёни эронӣ ва амрикоӣ бо "пардохт"-и 6 миллиард доллар озод шуданд.

Зеленский ҷаҳонро аз оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина 17-уми сентябр дар мусоҳибае бо...