Бо шиддат гирифтани раванди ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ дар кишварҳои Эрону Покистон инак Душанбе ҳам пеш аз он, ки муҳлати 15 рӯзааш ба итмом бирасад, ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони афғон оғоз кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти корҳои дихилӣ ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди боздошт ва ихроҷи иҷбории муҳоҷирони афнғонистониро дар қаламрави кишвар шиддат бахшидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи ихроҷи иҷбории муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ надодаанд, аммо даҳҳо нафар аз ин паноҳҷӯён ба расонаҳо гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо муҳлат додаанд, ки дар муддати 15 рӯз хоки Тоҷикистонро тарк кунанд.
Пеш аз Хабаргузории Олмон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон раванди кофтукоби хона ба хона, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони Афғонистонро ҳанӯз шаш моҳ пеш оғоз карда буданд.
Бо ин вуҷуд, Хабаргузории “Азия-плюс”-и Тоҷикистон ҳам ҳафтае пеш ба нақл аз раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар шаҳри Душанбе Мусаввир Баҳодурӣ гуфта буд, гузоришҳо дар хусуси ихроҷи иҷбории муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон нодуруст аст.
Аммо, сомонаи “Афғонистон Интернешнал” бо нашри як гузориш, ин иддаъои раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар шаҳри Душанберо рад карда, гуфтааст, кормандони сафорат ва Кумитаи муҳоҷирон аз тарси он, ки муносибаташон бо мақомоти Душанбе бад нашавад, дар бораи раванд ин ҳама боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон чизе намегӯянд.
Ба гуфтаи бархе муҳоҷирон, ки ба расонаҳо дарди дил кардаанд, то чанд рӯзе пеш мақомоти фасодзади Тоҷикистон бо пардохти пулу ришва хеле аз муҳоҷирони боздоштшударо озод мекарданд, аммо дар ин чанд рӯзи ахир, ки ин раванд шиддат гирифтааст, дигар пулу ришват додан ба кормандони корҳои дохилӣ ва анмияти миллӣ корсоз нест ва мушкилро ҳал намекунад.
Ҳамзамон гузоришҳое нашр шудааст, ки дар ин муддат рӯзона мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафар аз муҳоҷирони афғон ва бахусус мардҳои хонавода бидуни иттиллои қаблӣ ва огоҳ кардани хонаводаҳои онҳо боздошт карда ба Афғонистон бозгардонидааст.
Ин иқдомҳои мақомоти Тоҷикистон аксари муҳоҷирони Афғонистонро нигарон кардааст, зеро аксари онҳо аз мувофиқон ва ё кормандони давлатии ҳукумати пешини ин кишвар бо раҳбарии Муҳҳамад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти фирории Афғонистон мебошанд ва тарси онро доранд, ки дар сурати бозгашт ба Афғонистон боздошт ва зиндонӣ хоҳанд шуд.
Гуфтанист, айни замон ҳудуди 13 ҳазор муҳоҷирони афғонистон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ дар атрофи шаҳри Душанбе ба сурати расмӣ зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо интизори дарёфти раводиди худ барои интиқол Канада ҳастанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти Тоҷикистон то чанд рӯзе пеш аз минбарҳои баланди дохилӣ ва хориҷӣ ба сурати расмӣ ва баъзан хеле ҳам тунд алайҳи Толибон мавзеъгирӣ карда, аз мухолифони онҳо истиқбол мекарданд, аммо дар ин авохир лаҳни гуфторашон нармтару муносибаташон бо Толибон хеле беҳтар шудааст. Ба ҳамин хотир, айни замон бархе шаҳрвандони афғонистоние, ки ба сурати расмӣ дар Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, ба тиҷорат машғул ҳастанд, низ тарси онро доранд, ки имрӯз ё фардо кормандони мақомот нагоҳон барои боздошт ва ихроҷи онҳо иқдом хоҳанд кард.
Тоҷикистон ба сурати расмӣ беш аз ду даҳа ба ин сӯ мизбони муҳоҷирони Афғонистон аст. Аммо дар ин ду даҳа ҳамеша теъдоди онҳо дар ҳоли тағйир буда, гоҳе камтару гоҳҳое дигар адади онҳо зиёдтар мешавад. Аммо, дар ин 4 соли ахир, ки Толибон дубора сари қудрат омадаанд, аз нав ҳазорҳо нафар муҳоҷирони Афғонистон ба Тоҷикистон панаҳ оварда, қисми зиёде аз онҳо ба дигар кишварҳои дуру наздик рафтаанд.