Мақомот: Суръати интернет дар Тоҷикистон панҷ баробар афзоиш ёфт. Рост ё дурӯғ?

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Исфандиёр Саъдуллоев мегӯяд, суръати миёнаи интернети мобилӣ дар кишвар нисбат ба аввали соли 2025 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, агар дар аввали соли 2025 суръати миёнаи интернети мобилӣ 7,2 Мбит/с буд, ҳоло ин нишондиҳанда ба 35,4 Мбит/с расидааст. Ҳамчунин суръати интернети собит ба 48,71 Мбит/с баробар шуда, тибқи нақша, дар ду соли оянда то 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.

Саъдуллоев зимни нишасти хабарӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ хидматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом метавонад дастрасии сокинони минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистонро ба интернет беҳтар намуда, ба рушди инфрасохтори рақамии кишвар мусоидат кунад.

Мақомоти Хадамоти алоқа инчунин иттилоъ доданд, ки айни замон шумораи умумии муштариёни шабакаҳои алоқа дар Тоҷикистон ба 8,2 миллион нафар расидааст. Аз ин шумора 6,1 миллион нафар муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.

Тибқи омори расмӣ, шумораи истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит дар кишвар ҳоло 5,5 миллион нафар аст. Аз ин теъдод 5,3 миллион нафар аз интернети мобилӣ истифода мебаранд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон хидматрасонии интернетро 6 ширкати алоқаи мобилӣ ва 30 ширкати алоқаи собит пешниҳод мекунанд.

Бо вуҷуди ин, новобаста аз каме беҳтар шудани суръати интернет, бисёре аз истифодабарандагон дар Тоҷикистон ҳанӯз аз сифати пасти он, махсусан интернети мобилӣ, изҳори нигаронӣ мекунанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки нишондиҳандаҳои омории пешниҳодшуда на ҳамеша таҷрибаи воқеии истифодабарандагонро, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва деҳот, пурра инъикос менамоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нигаронии наздикони Саидумар Ҳусайнӣ аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон

Писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси Наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, вазъи саломатии падараш дар зиндон хуб нест.

“Тоҷик Эйр” дар интизори бозгашт ба парвозҳои байналмилалӣ аст

Ширкати миллии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" эълом кард, ки барои азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинад.

Ҷавони беморро ба артиш бурданд. Падар ба мақомот шикоят кард

Як сокини шаҳри Истаравшан аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда, ки писари 25-солааш Дӯстмурод Маъруфовро бо сабаби беморӣ аз адои хидмати ҳарбӣ ҷавоб диҳанд.

Ташдид танишҳои низомӣ байни Амрико ва Эрон: Созишномаи оташбас бекор шуд?

Таниш миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо оғози даври нави ҳамлаҳои низомӣ боз ҳам шиддат гирифт.