10.9 C
Dushanbe

Маблағи ҳаҷ барои соли 2026 маълум шуд

Маблағе, ки ҳоҷиён соли ҷорӣ барои анҷоми фаризаи ҳаҷ пардохт мекунанд, аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Хабаргузории “Авесто” бо такя ба сухангӯи ин ниҳод Афшин Муқим иттилоъ дод, ки арзиши анҷом додани фаризаи ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2026, 53 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид. Ба гуфтаи манбаъ, ин маблағ нисбат ба соли гузашта 3,8 ҳазор сомонӣ камтар аст. Соли гузашта арзиши ҳаҷ 56,8 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд.

Ба таъкиди сухангӯи Кумитаи дин, маблағе, ки ҳоҷиён барои ин сафари ибодатӣ пардохт мекунанд, танҳо ба таври ғайринақдӣ ва тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.

Кумитаи дин ҳамчунин тавзеҳ дода, ки маблағи муайяншуда барои хариди чиптаҳои ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхонаҳо дар Макка ва Мадина, таъмини севақтаи хӯрок, пардохти хизматрасонии роҳбаладон, фароҳам овардани шароит дар Мино, Арафот ва Муздалифа, инчунин барои қурбонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, маблағҳо барои нақлиёт, суғуртаи тиббӣ, боҷу пардохтҳои давлатӣ ва таъмин намудани зоирон бо адабиёти динӣ масраф мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, Кумитаи дин аллакай қабули ҳуҷҷатҳо барои адои ҳаҷ дар соли 2026-ро ба анҷом расонидааст. Ба гуфтаи Афшин Муқим, “Имсол тибқи талаботи Подшоҳии Арабистони Саудӣ қабули ҳуҷҷатҳо дар кишварҳо нисбат ба солҳои гузашта барвақт оғоз гардид.”

Кумитаи дин шаҳрвандонро ҳушдор дод, ки ба таблиғоти ширкатҳое, ки иддао доранд мардумро ба ҳаҷ мефиристанд, бовар накунанд, зеро чунин ташкилотҳо салоҳияти расмӣ надоранд. Ирсоли шаҳрвандон ба ҳаҷ танҳо тавассути сохторҳои ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.

Аммо ба назари бархе сокинон, маблағи муайян намудаи Кумитаи дин барои адои фаризаи ҳаҷ нисбат ба кишварҳои ҳамсоя гарон аст. Аз ин хотир чанд соли ахир аксари шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба ҳаҷ бираванд, тариқи Узбекистон ва ё ба тариқи Русия арзонтар ва бо шароити беҳтар сафар мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи ҷойивазкунии мақомдорон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро бо таъйину ҷойивазкунии мақомдорон оғоз кард.

Ҳамла ба муътаризони эронӣ дар Лос-Анҷелес

Рӯзҳои охир сокинони Эрон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба баргузории роҳпаймоиҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Эрон идома медиҳанд.

Кушта шудани як варзишгари тоҷик

Шаби 10 ба 11-уми январи соли 2026 варзишгари 15-солаи тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар як муноқиша кушта шудааст.

Буҳрони сиёсӣ дар Эрон. Эътирозҳои густарда кишварро ба куҷо мебарад?

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон эътирозҳои хиёбонӣ алайҳи ҳукумат густардатар шуда, мардум истеъфои раҳбарони феълии ин кишварро талаб доранд.