31.9 C
Dushanbe

Мақомот ба сафару вохӯриҳои Гузоришгари СММ монеа эҷод кард

Мақомоти Тоҷикистон ба Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ҳомиёни ҳуқуқ Мэри Лоулор иҷозаи сафар ба ВМКБ ва мулоқот бо рӯзноманигорону адвокатҳоро дар зиндонҳо надодаанд.

Хонум Мэри Лоулор дар посух ба суоли рӯзноманигори BBC дар бораи он ки чаро мақомоти тоҷик ба ӯ иҷозаи сафар ба ВМКБ-ро ба ӯ надоданд, гуфт, “Шумо бояд аввал дар ин бора ҳукумати Тоҷикистонро пурсед”.

Дар идома хонум Лоулор гуфт, ки ҳангоми мулоқот дар Додгоҳи олӣ ва Додситони кул аз ин ниҳодҳо хоҳиш кардааст, ки барои суҳбат бо рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева ва вакили дифоъ Манучеҳр Холиқназаров дар зиндон ба ӯ иҷоза бидиҳанд, аммо ин иҷоза ба ӯ дода нашудааст. Дар ҳоле, ки ӯ ҳамчун гузоришгари СММ ҳаққи ворид шудан ба ин муассисаҳо ва суҳбат бо онҳоро дошт.

Инчунин Гузоришгари вежаи СММ мегӯяд, ки дар вохӯрӣ бо Вазорати адлия ва Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон аз қазияи рӯзноманигорону адвокатҳои зиндонӣ, аз ҷумла Саиднуриддин Шамсиддин, Бузургмеҳр Ёров, Абдулмаҷид Ризоев, Манучеҳр Холиқназаров ва Улфатхоним Мамадшоева пурсида, хоҳони мулоқот бо онҳо шудааст, аммо ба ӯ ин иҷозаро надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, хонум Лоулор мулоқоташ бо ду рӯзномагори зиндонӣ Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро тасдиқ намуда гуфт, ки ин ду рӯзноманигор, хусусун Далер ба пизишк ва муоинаи тиббӣ сахт ниёз доранд.  

Ӯ мегӯяд, ки “барои онҳо маълум набуд, ки чаро онҳо дар чунин шароит пушти дарҳо баста мурофиа шудаанд ва бисёр мехоҳем, ки дар мавриди онҳо тафтишоти одилона ва мурофиаи додгоҳии боз бо иштироки намояндагони ҷомеаи байналмилалӣ сурат бигирад”.

Хонум Лоулор гуфт барои Далер ва Абдуллоҳ китоб бурдааст ва барои ташкилӣ ин мулоқот аз Мансурҷон Умаров изҳори сипос кард.

Хонум Лоулор мегӯяд, ки дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, ки онҳо то моҳи ноябри соли оянда фурсат доранд, то барои ин мудофеон кори мусбат анҷом бидиҳанд ва онро ӯ дар гузоришаш зикр хоҳад кард ва боиси боло рафтани обрӯи Тоҷикистон мегардад, чун ба гуфтаи ӯ, обрӯи ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле поин рафтааст ва барои ба даст овардани обрӯяш Тоҷикистон бояд гомҳои мусбатро дар ин самт бардорад.

Гуфта мешавад, Мэри Лоулор аз натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.