36.9 C
Dushanbe

Мақомот бозпурсии тазоҳургарон дар Бадахшонро оғоз кардааст

Мақомоти интизомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват барои бозпурсии нафаронеро, ки дар гирдиҳамоиҳои эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябр ширкат кардаанд, оғоз кардааст.

Пойгоҳи телеграмии “Pamir Daily News”, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистонро пӯшиш медиҳад, рӯзи якшанбе аз манобеаш хабар дод, ки мақомот ба ваъдаи худ пойбанд намонданд ва аллакай дар шаҳри Хоруғ чандин нафарро ба боспурсӣ даъват кардаанд.

“Аз Хоруғ хабар расид, ки бо вуҷуди ваъдаҳои мақомот, ки гуфта буданд барои ширкат дар гирдиҳамоии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 иштироккунандагон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, аллакай мақомот ба бозпурсӣ даъват кардани афродро шурӯъ кардаанд.”, омадааст дар хабар.

Дар робита ба ин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ аз ҳама хоҳиш кардаанд, ки ба ҳама дӯсту наздиконашон расонанд, ки дар ҳолати даъват шудан ба КДАМ ҳатман онҳоро дар ҷараён гузоранд.

“Агар ягон сокини ВМКБ оид ба ҳодисаҳои ахир барои бозпурсӣ ё мусоҳиба ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карда шавад, лутфан ба Гурӯҳи 44 рақами +992935427744 дар тамос шавед ва фавран онҳоро хабардор кунед.” – гуфта мешавад дар хабар.

Аз баъзе манобеъ ба Аздо тв низ хабар расид, ки мақомот то ҳол интернетро дар ин минтақа дубора фаъол накардаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, мақомот аз ин тарс дорад, ки бо фаъол шудани интернет хабарҳои бештар ва ҳаррӯза аз Бадахшон дастраси расонаҳо мегардад ва ба эҳтимоли зиёд ба ин сабаб интернетро пайваст намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз гуфтушуниди мардуми Бадахшон бо мақомоти кишвар барои тарки майдон, яке аз шартҳои мусолиҳа ҳамин буд, ки интернет ва алоқаи мобилӣ барқарор мешавад ва мардум барои иштирок дар гирдиҳамоиҳо таъқиб ва ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Вале тавре бошандагони ин вилоят хабар медиҳанд, ин шартҳо зоҳиран иҷро нашуданд.

Пас аз тарки майдон аз ҷониби мардуми ВМКБ тариқи телевизиони маҳаллӣ дар ин вилоят шоми 1-уми декабр баёнияи мақомот нашр шуд, ки онҷо гуфта мешуд: “онҳое дар эътироз ширкат кардаанд ва ҷинояти дигар содир накардаанд, аз ҷавобгарӣ озоданд.”

Ёдовор мешавем, ки эътирозҳо баъд аз оне дар шаҳри Хоруғ сар зад, ки 25-уми ноябр Гулбиддин Зиёбеков, як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти мақомоти прокуратураи вилоятӣ аввал захмӣ ва сипас бо зарби 7 тир кушта шуд. Қатли Гулбиддин Зиёбеков мавҷи эътирозҳоро дар Хоруғ сипас дар Душанбеву Маскав, Лондону Ню-Йорк ва дар баъзе бузургшаҳрҳои кишварҳои авропоӣ ба вуҷуд овард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. 

Сафари Додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвар вориди Тоҷикистон шудааст.