26.9 C
Dushanbe

Мақомот: Эътирозгарони Бадахшонро ҳабси абад таҳдид мекунад

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Мамадбоқир Мамадбоқиров ва ҳаммаслаконашро дар Хоруғ ба боздошт ва ҳабси абад таҳдид кард.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, акс аз сомонаи Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

15-уми майи соли 2022

Гуфта мешавад, дар ВМКБ аз замони ба қатл расонидани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқала дар 25-уми ноябри соли 2021 ва ба дунболи он ҳамоиши эътирозии ин вилоят, ки ба муддати сешабонарӯз дар шаҳри Хоруғ идома кард, ва аз ҷониби мақомот ба хушунат кашида шуд, то кунун вазъият ноором аст.

Мақомоти кишвар бо сафар кардани ҳазорҳо нерӯи низомӣ ба ин валоят ва боздошту ба солҳои тӯлонӣ маҳкум кардани афроди саршиноси он фазои тарсу ваҳшатро дар ин минтақа ҷорӣ карда, мехоҳанд мардумро бо зӯри силоҳ аз масири ҳақталабии худ маҳрум намоянд, аммо мардум дар роҳи худ бо субот қадам зада, аз мақомот мехоҳанд, ки он идда аз кормандони мақомот, ки дар қатлу куштор ва замхӣ кардани сокинони вилоят даст доранд, боздошт ва ба панҷаи қонун супорида шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.